Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби нави таъйини арзиши асъори хориҷӣ


Бонки Миллии Тоҷикистон тартиби таъйин ва истифодаи қиммати расмии арзҳои хориҷӣ дар қиболи сомонӣ - арзи миллии Тоҷикистонро тағйир додааст. Мувофиқи як қарори раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон, аз ин ба баъд қиммати расмии арзҳои хориҷӣ дар қиболи сомонӣ ҳар рӯз ба истиснои рӯзҳои истироҳат муқаррар мегардад. Арзиши арзҳои хориҷӣ мувофиқи меъёри миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муқаррар мегардад. Раҳматшо Додихудоев, сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, тартиби нав бо ҳадафи танзими бозори дохилии асъор ва такмили тартиби таъйини қурби расмии мубодилавии сомонӣ бо асъори хориҷӣ мебошад. Қаблан, Бонки Миллӣ дар як ҳафта як бор, рӯзҳои ҷумъа арзиши арзҳои хориҷиро муаяйн мекард.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG