Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санъати Тоҷикистон Парижро тасхир кард


Ҳадафи як сафари овозхонону тарроҳони либоси Тоҷикистон ба шаҳри Парижи Фаронса муаррифии таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ба Аврупо будааст. Ин сафар бо ибтикори ЮНЕСКО анҷом пазируфтааст. Дар ин фестивал, Тоҷикистон бо намоиши либосҳои таърихӣ, мусиқии классикиву замонавӣ ва филми «Рустаму Сӯҳроб» муаррифӣ шудааст. Мукаррама Қаюмова, тарроҳи либос мегӯяд:
«Ҳатто нафароне буданд, ки баъди тамошои ин филм ба ҳайрат омада буданд, ки тоҷикон чи қадар миллати бузургу таърихӣ будаанд. Яъне, бо ин филм ҷаҳони онҳоро, дидашонро нисбати Тоҷикитсон, тағйир додем.»

Тарроҳони Тоҷикистон либосҳои гулдузиву зардузӣ доштаро намоиш додаанд. Мукаррама Қаюмова мегӯяд, ба тамошобини аврупоӣ тарҳу дӯхти либосҳои тоҷикона писанд омадааст, аммо онҳо харидории рангҳои равшану кушоди гулдӯзиҳои маҳаллиро дӯст надоштаанд.
«Чӣ қадар мо рангҳои шодро зиёд истифода мекунем, онро онҳо дӯст надоштанд. Бинобар ин, ба хотири бозоргир шудани моламон бояд усули корамонро ба самти Аврупо равона созем. Яъне, рангҳои орому заминиро бештар истифода кунем.»

Мукаррама Қаюмова барои нахустин бор ду куртаи вижаро таҳия кардааст, ки дар якеи он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ (ба он шакле, ки дар маркази Душанбе қомат афрухтааст) ва дар дигаре манораи Эйфел зардузӣ шудааст. Ба гуфти тарроҳи либос маҳз ҳамин ду куртаи ғайриоддӣ тамошобинонро ба ваҷд овардаанд.

Дар баробари намоиши либос дар майдончаҳои махсус, дарсҳои ҳунармандӣ ва консерт баргузор гаштааст. Аз овозхонони тоҷик Файзалии Ҳасан, Лола Азизова ва Мавҷуда Собирова гурӯҳи ҳунармандони тоҷикро ҳамроҳӣ мекардаанд. Мавҷуда Собирова сарояндаи гурӯҳи ҳунарии «Дарё» мегӯяд, вақте суруди ушшоқи Самарқандро сурудем, намояндагони тамоми кишварҳо шинохтаанд, ки ин сурудро тоҷикон месароянд.
«Мо 15 дақиқа консерт доштем ва дар ҳамин 15 дақиқа ҳам рақсу суруд ва либоси тоҷикиро намоиш додем. Онҳо бо ҳайрат ва бо ҳавас ба либосҳои миллии мо менигаристанд.»

Баъди тамошои барномаи рангини ҳунарии тоҷикон, намояндагони давлати Белгия онҳоро барои такрори барномаи фарҳангиашон ба Белгия даъват намудаанд. Бино ба гуфтаи тарроҳи либос Мукарама Қаюмова, дар назар аст, ки бо ташаббуси созмони косибони Тоҷикистон «Ҳафтпайкар» ва ЮНЕСКО дар авохири соли равон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии тамоми мардуми форсизабон баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG