Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвоъи муосири ришва дар макотиби олии Тоҷикистон


Агар ҳанӯз 15 соли пеш бархе аз омӯзгорон аз гирифтани пули нақд меҳаросиданду ба воситаи миёнаравон корафтодаҳои худро бар ивази гӯсфанд, матоъҳои гаронбаҳо ва ё як зиёфати хуб шомили донишгоҳ мекарданд, имрӯз анвоъи ришват мувофиқи замон ҳам тағйир ёфтааст:
«Пеш аз ҳама пул аст. Пул нақши асосиро мебозад. Асос доллар аст, сомонӣ ҳам диҳӣ ба қурби долар медиҳӣ. Ҳамин одам надошта бошӣ ё пул набошад, ба ягон ҷо дохил шуда наметавонӣ.»

Ба гуфти мусоҳибонам, дар давраи имтиҳонҳои даврӣ бархе омӯзгорон бар ивази тақдими як телефони мобил ва ё пардохти харҷи сӯҳбатҳои телефонӣ, баҳо мегиранд. Баъзан, донишҷӯ харҷи ҳафтаи бозори омӯзгорро низ ба дӯш мегирифтааст. Дар ин хусус ҷавонон чунин андешаҳо доранд:
« -Азбаски ҳамаи корхонаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ бо компютерҳо ва дигар техника муҷаҳҳаз шудааст, як намуди хуби даромад пеш омадаст. Ин сабаб шудааст, ки намудҳои пора ҳам аз рӯйи қисмҳои компютер ё худи компютер ва ё ягон техникаи дигар сурат гирад.
-Компютер, дисплейр ва боз дигар чизҳое, ки нав мебарояд, пора шуда метавонанд.»


Аммо албатта бояд гуфт, ки на ҳамаи устодон даст ба ришва мезананд. Вале касоне, ки ришва медиҳанду мегиранд бо нозукиҳои махсус ин корро анҷом медиҳанд. Ҳастанд устодоне, ки ба қавли донишҷӯён нотарсанду аз ҳомиёни худ дилпуранд ва бе тарсу ҳарос бо ҳар як довталаб ва донишҷӯе, ки пеш омад машварат кардан мегирад. Ин воқеият ба гурӯҳи «Арабшоҳ - Кампания», ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳи ҳунарҳои зебо таъсис ёфтааст, идеяи таҳияи яке аз намоишномаҳои пурҳаводори телевизиониро додааст:

«Маош хубай ё пора
Муаллим бумон баҳора.
Гар ту бумони баҳомон панҷу чор
Сари ҳар баҳо бигири даҳ ҳазор
Ба фикрум муалим шуди ай мо безор
Сомони бигир ё пулҳои парикдор

-Муаллимҷон, Муаллимҷон
-Устод ношукри накун, бигир пулаю баҳора мон!
- Дигар ай куҷо меёбӣ ихели пула?!
- Баҳотон ПАНҶ!»


Донишҷӯёне, ки мехонанду аз пайи омӯзиш дохили донишгоҳ шудаанд, бе ягон ташвиши додани ришваю даъвати хешу табор бо дониши худ баҳояшонро мегиранд. Аммо, мутаассифона, ба андешаи мусоҳибонам чунин нафарон башуморанд ва теъдоди аъзами донишҷӯён мавсими имтиҳонсупориро танҳо бо ёфтани шиносу пардохти маблағ ҷамъбаст мекунанд. Мусоҳиби навбатии ман, донишҷӯи соли саввуми яке аз донишгоҳҳои пойтахт аст:
« -Агар дарсҳоямонро ҷавоб диҳем, одамони медонистагӣ мегиран баҳошона, касе, ки намедонад, бо пул мегирад. Ман фанҳои осонашро мехонам ва душворашро бо пул мегирам.
- Кадом дарс барои шумо душвор аст?
- Математикаи олӣ бисёр бароям нофаҳмо аст ва имтиҳонашро бар ивази 10 - 15 сомонӣ мегирам.»


Як нафар омӯзгоре, ки ниҳоят ҷавон аст, мегӯяд, дар таъини меьёри ришва як факулта аз дигараш фарқ мекунад:
«- Вобаста ба факултаҳо ҳаст. Баъзе факултаҳое, ки донишҷӯёни сарватманд дар онҷо зиёд таҳсил мекунанд, арзиши имтиҳонҳо ҳам дар ин факултаҳо меафзояд. Масалан, барои як имтиҳон то 300 доллар низ медиҳанд.»

Дар тӯли гузориш шунидем, ки баъзе омӯзгороне, ки бар ивази санҷишу имтиҳон пул мегиранд, бесаводии донишҷӯёнро баҳона мекунанд ва гирифтани ришваро ҳаққи ҳалоли заҳматҳои худ арзёбӣ мекунанд. Аммо аз сӯйи дигар, дар чунин доду ситадҳо баьзан донишҷӯёни воқеӣ, курбони ришваситонии устодон мегарданд ва дар натиҷа аз таҳсил дилсард мешаванд.
XS
SM
MD
LG