Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурсарусадо ба манзили раиси бонк


Ҳамлаи мусалаҳона ба манзили Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва яке шахсиятҳои саршиноси ҳукумати вақт, ҳоло ба қасди ғорат ҳам ки бошад, пурсару садотарин ҳодиса аз ин қабил тайи чанд соли охир будааст. Бо ҳар ангезае ин ҳодиса сурат гирифта бошад, мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа мебошад.

Баъди баргузории интихоботи порлмуонии соли 2000-ум, ки як гуна марҳилаи ниҳоии иҷрои тавофуқоти сулҳ буд ва ба дунболи он ҷилави гурӯҳҳои худсар гирифта шуд, ҳамалоти мусаллаҳона ба манзури ғорат, хусусан ба манозили ашхоси мансабдор ва гаравгонгирӣ ба мақсади бозфурӯшии ашхос тақрибан мушоҳида намешуд. Аммо акнун Тоҳир Норматов, сардори идораи нозироти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз табодули оташ дар назиди манзили Раиси бонк ба ҳангоми ҳодиса сухан мегуяд: "Яке аз муҳофизон ба зарби гулӯлаи туфангча кушта шудааст. Яъне тирпаронӣ сурат гирифтааст. Ман маълумотеро барои шумо мегӯям, ки то кунун дастрас ва таъйид шудааст. Гурӯҳи махсус тафтиши парвандаро идома медиҳад. Ҳамлаварон 7 ҳазор доллар, 500 сомонӣ ва миқдоре ҷавоҳиротро бо худ бурдаанд."

Аммо хабарнигорон аз генерал Норматов пурсиданд, ки оё раиси бонк ҳаққи доштани ду муҳофиз ва он ҳам дар манзили падарашро дошт? Ӯ дар посухи ин суол бо андаке забонхоӣ гуфт: "Ин хона ду муҳофиз дошт. Ӯраиси Бонки милӣ мебошад, ёдатон наравад. Бонки миллӣ ҳамчунин хадамоти махсуси муҳофизатии худро дорад. Ин қонунӣ аст. Шумо гӯё намедонед!?"

Вале худи Алимардонов кист? То ба қудрат расидани Фронти халқӣ ва шиддати ҷанги ҳамватанӣ ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шудани ӯ саҳнаи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар чунин номеро намешинохт. Муродалӣ Алимардонов соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор, минтақае дар ғарби Душанбе, дар моварои пойтахти Тоҷикистон ва марзи Узбакистон зода шуда, дар донишгоҳи миллӣ таҳсил карда ва то соли 1993 корманди бонк дар ҳамин ноҳия будааст. Аз соли 1993 раиси бонки «Шарқ» ва аз декабри соли 1996 раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Аммо мардумони одӣ агарчанд аз ин ҳодиса тайи чанд рӯзи охир зиёд сухан мегӯянд, вале дар воқеъ тасби ҳоли онҳо бозгӯи таассуф аз ғорат шудани манзили раиси бонк нест, балки нигаронӣ аз бозгашти дубораи бесуботӣ ба ҷомеа ва хатари ҷону манзили худро худро дорад.
XS
SM
MD
LG