Пайвандҳои дастрасӣ

Дурнамои наздики Созмони ҳамкориҳои Шанхай


Сухбати мизи мудаввар

Сарони Чину Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷамъ меоянд. Cе санади нав ба рӯи мизи мудаввари онҳо гузошта мешавад. Корпояи фаъолияти созмони Шанхай, низомномаи намояндагии доимии кишварҳо дар Маркази зидди ваҳшатафканӣ ва Эъломияи Остона. Ва аммо хабари асосии нишасти Остона ин хоҳад буд, ки Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба он ба сифати нозир ворид мешаванд. Оё узвияти се кишвари дигар дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба барнома, шеваи кор ва эътибори созмон чи таъсир хоҳад дошт. Дар сӯҳбати мизи гирди ғоибона инҳо ширкат карданд: Сайфулло Сафаров ва Музаффар Олимов аз Душанбе, Алиризои Нуризода аз Лондон, Аҳмад Рашид аз Лоҳур ва Раҷаб Сафаров аз Маскав. Барандаи гуфтор -- Салими Аюбзод.

Вобаста

XS
SM
MD
LG