Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи маркази табобати мӯътодон


Чкалов - Хуҷанд

Ахиран дар заминаи бемористони шаҳри Чкалов аввалин ба навъи худ Маркази пешгирии бемории нашъамандӣ ва истеъмоли моддаҳои мадҳушкунанда ва ё психотропӣ дар Тоҷикистон боз гардид. Ҳасан Қодиров - муовини сардухтури беморхонаи Чкалов мегӯяд, ин амр бо кӯмаки молии ҳукумати Суғд ва идораи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷиноёти сурат гирифтааст. Оқои Қодиров меафзояд: «Ин марказ дорои бист кат буда, дар ин ҷо мубталоёни маводи мухаддир ва доруҳои мадҳушкунанда натанҳо аз шаҳри Чкалов, балки аз тамоми вилояти Суғд барои табобат қабул карда мешаванд. Беморон ба тариқи ройгон табобат ва дар давраи табобат бо се маҳал хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Маркази мо дорувори заруриро аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои вилоят ва маҳалҳо ба тариқи хайрия дарёфт мекунад.»

Сардухтур Ҳасан Қодиров изофа кард, ки шаш табиби ҷавони маркази табобатии шаҳри Чкалов бо кӯмаки молии Созмони Милали Муттаҳид давраҳои омӯзишии вижаро дар кишвари Қазоқистон хатм кардаанд. Ӯ мегӯяд, густариши нашъамандӣ ва истеъмоли маводҳои мадҳушкунанда дар байни сокинони Чкалов тайи солҳои ахир табибони маҳалро водор сохт, бо ифтитоҳи чунин як марказ барои пешгирӣ аз ин падида чораҷӯӣ намоянд: «Мубталоёни ангезаи ВИЧ ва ё норасоии маснуъияти бадан асосан он нашъамандоне ҳастанд, ки дар маркази мо сабти ном шудаанд. Шумораи онҳо дар ҳоли ҳозир 18 нафар аст. Ҳамчунин, дар маркази мо тақрибан 60 нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд.»

Табибони мутахассиси маҳаллӣ мегӯянд, теъдоди нашъамандон дар вилояти Суғд расман наздики ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале шумори воқеии нашъамандон ва мӯътодони маводи мадҳушкунанда дар қаламрави вилоят, аз нигоҳи коршиносони маҳал, ба маротиб беш аз теъдоди расмӣ дониста мешавад. Нашъамандон ва мӯътодони маводи мадҳушкунанда дар маркази табобатии шаҳри Чкалов тибқи дархост метавонанд бидуни ошкор сохтани ному насаби худ табобат бигиранд.
XS
SM
MD
LG