Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хидматрасонии тиббӣ пулакӣ мешавад


Аз якуми августи соли равон дар Тоҷикистон барномаи давлатии «Хидматрасонии бокафолати беҳдоштӣ» ба роҳ монда мешавад. Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, то он замон нархномаи хидматрасонии тиббии пулакӣ барои бемориҳои мухталиф тасдиқ шавад. Абумуслим Темуров гуфт, тайи якуним сол барномаи хидматрасонии пулакӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара таҷриба шуд ва натиҷаи дилхоҳ дод. Вай мегӯяд, аммо барои оилаҳои камбизоат ва ниёзманд, ширкатдорони ҷанг ва маъюбон хидматрасонии тиббӣ ба таври пешин, ройгон боқӣ хоҳад монд.

Ҷаноби Умаров ҳамчунин афзуд, қарор буд, барномаи мазкур ҳанӯз якуми апрели соли равон дар кишвар пиёда карда шавад, аммо ба хотири пайдо кардани эътимод ба афзалиятнокии он як комиссияи иборат аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ таъсис гардид, то натиҷаи роҳандозии ин барномаро дар ноҳияҳои таҷрибавӣ бисанҷад.
Ва аммо дар мавриди тартиби нархгузорӣ ба номгуйи хидматрасониҳои тиббӣ, Салоҳиддин Нуралиев, сардори идораи ислоҳоти соҳаи тандурустии вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, "Нархномаи хидматрасонӣ дар маҳалҳо таҳия шуда ба вазорати тандурустӣ барои тасдиқ пешниҳод мегардад, аммо дар тамоми кишвар нархи ягонаи стандартӣ барои хидматрасонии тиббӣ ба таври умумӣ буда наметавонад,зеро дар ҳар минтақа нархи доруву дармон як хел нест."

Гуфтанист, аз ҳоло нархи бархе аз хидматрасониҳои беҳдоштӣ таъйин гаштааст. Аз ҷумла, арзиши ҷарроҳии куррӯда ҳудуди 80 сомонӣ ва ҳамли сунъӣ 3 сомонӣ мебошад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG