Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 50 зани нозоро табобат карданд


Евгения Нарзуллоева, мудири маркази табобатӣ ва илмӣ-тадқиқотии бемориҳои занона ва доягии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ба баъд занони безурёт ё ақими тоҷик барои табобат ба кишварҳои дигар нахоҳанд рафт. Вай мегӯяд, тавассути таҷҳизот ва фановариҳои муосире, ки бо кӯмаки ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон ба маблағи се миллион доллар аз Аврупо ва Ҷопон ба ин марказ оварда шудааст, аз миёни сад нафар зани безурёти ахиран ба бемористони мазкур муроҷиаткарда, духтурон ба 50 нафар бахти модар буданро насиб гардондаанд. Хонум Нарзуллоева гуфт:

"Мо хостем, дар кишвари мо низ чунин як шӯъба бошад, то ҳамватанони мо барои табобати безурётӣ дигар ба Алмаато, Маскав ва Санкт-Петербург нарафта дар ҳамин ҷо табобат кунанд. Бо дастгирии ҳукумати Ҷопон мо аз технологияи ҷадид истифода мекунем, ки дар кишвар назир надорад. Мо бо ин технология ва ин усули нави табобат аксари оилаҳои тоҷикро аз фоҷиаи безурётӣ ва аз ҳам ҷудошавӣ наҷот додем. Ҳамчунин тавассути таҷҳизоти ҷадид мо имкон пайдо кардем, ки ҳатто кӯдакони норасида ва бо вазни 500 грамм таваллудшударо низ шаҳди зиндагӣ чашонем. Ин асбоб шакли чархболи хурдро дошта дохили он ҳавои мусоид барои нафаскашӣ ва яксон нигоҳ доштани ҳарорати бадани кӯдак мувофиқ кунонда шудааст."

Евгения Нарзуллоева ҳамчунин афзуд, дар маркази онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, шӯъбаи таҳқиқотие бо номи «Модару кӯдак бо ҳам» таъсис шудааст. Ӯ мегӯяд, тибқи ин усули ҷадид кӯдак аз лаҳзаҳои нахустини ба дунё омадан ҳамроҳи модар мебошад ва иҷозат дода мешавад, ки пайвандони наздик низ бо онҳо бошанд. Парвина ном сокини пойтахт, ки чанд рӯз қабл дар шӯъбаи тозатаъсиси дармонгоҳи илмӣ - таҳқиқотии бемориҳои занона ва момодоягӣ таваллуд кардааст, мегӯяд, Ин хуб аст, ки кӯдакам аз лаҳзаи таваллуд шудан бо ман аст ва ман имкон дорам, зуд-зуд ба ӯ шир диҳам. Ин имкон медиҳад, ҳам меҳрам ба кӯдакам ва ҳам ширам зиёд шавад.

Профессор Евгения Нарзуллоева, мудири дармонгоҳи илмӣ -таҳқиқотии бемориҳои занона ва доягӣ мегӯяд, ба ин дармонгоҳ беморон аз тамоми Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, аммо мутаассифона, аксар мавридҳо занонро бахусус аз ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони кишвар дар ҳолати ниҳояти ниҳоят вазнин меоранд, ки наҷоти ин занҳо ва атфолашон ба душворӣ даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG