Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар нишасти солонаи порлумонҳои САҲА


Латифи Латиф

Ҳайъати порлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдулмаҷид Достиев дар нишасти солонаи Маҷмаъи порлумонии кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ширкат дорад. Нишаст, ки зери шиори "30 сол пас аз ҳамоиши Ҳелсинки" то 5-уми июл идома мекунад, ба баррасии хатарҳои муосир бахшида шуда, дар он вакилон аз порлумонҳои 55 давлати узв биниши худро ба миён мегузоранд. Мубориза бо терроризм, қочоқи инсону силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллии иқтисодӣ, риояи ҳуқуқи башар ва баробарии зану мард, тарзи ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва ислоҳоти куллӣ дар САҲА аз мавзӯъҳои марказии нишаст ба шумор мераванд. Ин бори аввал аст, ки ҷаласаи Маҷмаъи умумии порлумонии кишварҳои узви САҲА дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида баргузор мегардад ва нахустин фурсат аст, барои муаррифии Дабири кулли нави созмон Марк Перин де Бричанбаунт. Интизор меравад, вай бо ҳайъати Тоҷикистон низ як вохурии ҷудгона хоҳад дошт.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG