Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри ситораҳои думдорро ошкор мекунанд


Тамошои нури зарбаи сафинаи кайҳонии амрикоии Deep Impact ба сӯи ситораи думдори Tempel - 1, ки рӯзи душанбе, чоруми июл, соати даҳу панҷоҳу ду дақиқаи субҳи шаҳри Душанбе сурат гирифт, аз Тоҷикистон имконнопазир буд. Имкони тамошои он танҳо ба сокинони нимкураи ғарбии Замин дастрас буд. Яъне, Иёлоти Муттаҳида, ки рӯзи чоруми июл аз солгарди истиқлолаш таҷлил мекунад, ба истилоҳ барои сокинонаш имкони тамошои як оташбозӣ ё фейерверки кайҳониро фароҳам овард.


Барои нахустин бор аст, ки Замин дар чаҳорчӯби як барномаи вижаи кайҳонии НАСА, созмони амрикоие, ки ба тадқиқи кайҳон машғул аст, ба сӯи як ситораи думдор зарба мезанад. Гулӯлаи пӯлодини вазнаш 370 кило рӯзи якшанбе, сеюми июл аз сафинаи кайҳонии амрикоӣ ҷудо шуд ва баъд аз як рӯзи парвоз бо суръати 36 ҳазор километр дар соат ба ситораи думдори Темпел, ки бори нахуст ҳанӯз дар соли 1867 мушоҳида шуда буд, бархӯрд. Ин амалиёт дар дурии тақрибан 134 миллион километр аз Замин сурат гирифт. Дар натиҷаи ин зарба ва таркиш як ҳафри умқаш баробар ба бинои ҳафтошёна ва масоҳаташ баробар ба майдони футбол ба вуҷуд хоҳад омад.


Хурсанд Ибоддинов, сарвари пажӯҳишгоҳи ситорашиносии Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, аз расадхонаи Ҳисор низ аз болои ҷараёни ин амалиёт ва ҳаводиси баъд аз таркиш наззора бурда мешавад. Хурсанд Ибоддинов мегӯяд, ин зарба ба ситораи думдори Темпел пайомади нохуше нахоҳад овард ва аммо тавассути мушоҳидаи ин таркиш ва пайомадҳои он, коршиносон интизор доранд, таркиби кимиёвии ситораи думдор ва дигар маълумоти заруриро ба даст оранд. Ситорашиносон ҳадс мезананд, дар қаъри ситораҳои думдор, аз ҷумла Темпел, маводе ҳаст, ки аз замони пайдоиши гетӣ, беш аз чаҳоруним миллард сол қабл то ҳол нурро надидааст ва тағйир наёфтааст ва аксҳову наворҳои ин мавод, ки пас аз таркиш ба фазо партофта хоҳанд шуд, аз маълумоти хеле нодир ва гаронбаҳое маҳсуб мегарданд.


Ҳадафи дигар аз ин амалиёт, ҳосил кардани таҷриба дар роҳи нест кардани ҷирмҳои кайҳонӣ дар сурати таҳдиди онҳо ба Замин хоҳад буд.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG