Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 18 миллион доллар медиҳад


Бонки ҷаҳонӣ бо тасвиби як тарҳ эълом доштааст, ки қасд дорад, дар танзими истифодаи газу барқ ва коҳиши масрафи барзиёди он ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Тарҳи мазкур, гуфта мешавад, дар дафтари марказии бонки мазкур дар Вашингтон баррасӣ ва ахиран аз сӯи Шӯрои иҷроияи мудирони ин бонк ба тасвиб расидааст.
Дафтари Тоҷикистонии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ҷиҳати иҷрои тарҳи ёдшуда Бонки ҷаҳонӣ 18 миллион доллари амрикоӣ ҷудо месозад, ки 15 миллион доллар аз он дар шакли қарз ва се миллиони дигар ба унвони кӯмаки билоиваз дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад.

Азиз Ҳайдаров, ҳамоҳангсози барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон роҷеъ ба тарҳи мавриди назар ба радиои « Озодӣ» гуфт, илова ба ин, ҳашт миллион доллари амрикоӣ аз сӯи Барномаи рушди Швейтсария ба гунаи кӯмаки билоиваз бо ин ҳадаф ҷудо мегардад. Бино ба иттилои дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар доираи тарҳи мазкур истифодабарандагони нерӯи барқ ва газ дар шаҳри Душанбе бо ҳисобкунакҳои газиву барқӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, дар доираи ин тарҳ, меафзояд ҷаноби Ҳайдаров, барои таъмини назорати муассири истифодаи газу барқ ширкати «Барқи Тоҷик» ва идораи фурӯши гази Душанбе бо таҷҳизоти нави компютерӣ муҷҷаҳаз мешаванд.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG