Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони ҳашт нафар баъд аз ҳашт сол муҷозот шуданд


Ҳайати низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, якуми июл ду узви як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноиро бу ҷурмҳои қатл, ғоратгарӣ ва созмондеҳии гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба мӯҳлати аз 20 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Маринина Петрова - муовини раиси ҳайати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки муддати ду моҳ парвандаи ҷиноии ин гурӯҳи мазкурро баррасӣ кардааст, гуфт, «Равшан Ёров, соли таваллудаш 1968 ба иртикоби ташкили дастаи ҷиноӣ , ҳамлаи ғоратгарона ва куштори барқасдонаи ҳашт нафар гунаҳкор дониста шуда ба мӯҳлати 25 сол дар зиндони низомаш сангин ва Зулфиқор Қирғизови 29 сола, узви дигари ин гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо ҷиноёти мушобеҳ ба бистсоли зиндон маҳкум шуданд.»

Ба гуфтаи додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин гурӯҳ, ки аз панҷ нафар таркиб ёфтааст, дар қатли ҳашт нафар гунаҳкор дониста шудааст. Равшан Ёров - раҳбари гурӯҳи мазкур дар қатли ҳамаи ҳашт нафар ширкат карда вале Зулфиқор Қирғизов иштирокдори қатли чаҳор нафар будааст. Ин ҷиноёт дар ноҳияи Турсунзода, дар 55 километрии ғарби шаҳри Душанбе дар моҳи августи соли 1997 баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Вале ин гурӯҳ ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои мутахосими ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шомил набудаааст. Дар ҳоли ҳозир, якеи онҳо мавриди таъқиби мақомоти интизомӣ қарор дошта ва дуи дигар вафот кардаанд.
Додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, Равшан Ёров дар соли 2003 дар Русия ва Зулфиқор Қирғизов соли 2004 дар Душанбе аз тарафи нируҳои интизомӣ боздошт шудаанд.

Маринина Петрова - муовини аввали раиси ҳайати низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабари бархе аз расонаҳоро мабнӣ ба ин ки куштори рухдода дар заминаи адовати миллӣ сурат гирифтааст, такзиб кард. Вай гуфт, миёни афроди кушташуда намояндагони миллатҳои гуногун аз ҷумла тоҷикон низ будаанд.Дар ҳамин ҳол, афроди маҳкумшуда ва вукалои мудофеи онҳо ба ҳукми додгоҳ розӣ нашуда ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдаанд. Ҳукми Додгоҳи Олӣ баъди баррасӣ ва таъйиди он дар додгоҳи таҷдиди назар, ки қарор аст, тайи як ҳафта анҷом шавад, ба иҷро дароварда хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG