Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Маликаи сол" ва "Талабаи сол" дар меҳмонии "Ояндасоз"


Насиба Исмоилова, ки имсол синфи 11 - и мактаби рақами 37-и ноҳияи Синоро хатм кард, дар озмуни «Талабаи сол» пирӯз гардид. Ин озмун аз ҷониби идораи маорифи шаҳри Душанбе дар миёни хонандагони макотиби миёнаи пойтахт гузаронида шуд. Тибқи қоидаи озмун, талабаи сол бояд дониши мукаммал ва рафтори намунавӣ дошта бошад ва дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб низ фаъол бошад. Шарти аз ҳама муҳим дар озмун ба хубӣ донистани забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ буд. Мувофиқи ин шарт, ширкатдори озмун бояд дар се дақиқа бо се забон худро мухтасар муаррифӣ менамуд. Насиба маҳз дар ҳамин шарт холҳои зиёде ба даст овардааст. Насиба мегӯяд, танҳо дар иҷрои як шарт каме мушкилӣ кашидааст.

«Аз ҳар як фан панҷ саволӣ буд, он дар конвертҳо маҳкам шуда буд ва мо ин конвертҳоро дар назди тамоми одамон кушода ҷавоб додем. Аз ҳама шарти мушкил аз алгебра буд, ки панҷ мисол дошт ва мо бояд дар муддати се дақиқа онҳоро ҳал мекардем, баъд, аксарашро ҳал кардаму фақат яктоаш каме мушкилтар буд, натавонистам.»

Акнун дар бораи худи Насиба. Ӯ аз хурдсолӣ дар ҳама озмунҳову олимпиадаҳо ширкат менамудааст. Соли ҳолӣ бошад, барои Насиба соли муваффақтарин будааст:
«Ҳамин сол барои ман соли хуб буд, маликаи сол шудам, дар олимпиадаҳо ва чанд озмуни дигар ҷои якумро гирифтам, аз ин рӯ, боварӣ доштам, ки дар ин озмун низ бахт аз ман рӯ намегардонад.»

Дилбар Зоҳидова, сарвари мактаби рақами 37 дар бораи Насиба мегӯяд:
«Аз ҷиҳати дониш аз дигарҳо пурқувваттар аст, дар симои ӯ духтари ҳозираи тоҷикро мо мебинем, яъне, ҳам аз ҷиҳати одоб, рафтор аз ҳама ҷиҳат намунавӣ аст. Ва барои ҳамин боварӣ дорем, барандаи медали тилло мешавад. »

Пирӯзӣ дар озмуни «Талабаи сол» ба Насиба имкон медиҳад, ки ба донишгоҳи дилхоҳ дохил шавад ва дар риштаи дилхоҳ таҳсилро идома диҳад. Насиба аллакай барои худ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро интихоб кардааст. Аммо чаро маҳз ин факулта, Насиба?

«Барои, ки дар ҳаётам бисёр ба беадолатӣ дучор гардидам, мехоҳам аввал ҳақиқатро ёбам. Алалхусус дар ҳамин сол, ки дар озмунҳо ширкат кардам, ноадолативу ба гуфтаи русҳо «черезбозӣ» бисёр шуд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ масалан, вақте имтиҳон сар шуд маро аз он ҷо бароварданду ба ҷои ман писари як одами калонро дароварданд ва баъд ман ариза навиштаму дубора ширкат кардам ва дар натиҷа ҷои дуввумро гирифтам, вале вай писар ҷои 15-умро. Ман барои барқарор кардани адолат ҳуқуқшинос хоҳам шуд».

Насиба мегӯяд, аллакай аз давраи донишҷӯияш талош хоҳад кард, ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд, ӯ мегӯяд, ҳар устодеро, ки аз ӯ пул талаб кунад, ҳатман ба ҷазо хоҳад кашидаш:
«Мегӯянд, ки дар донишгоҳ баҳоро танҳо бо пул ва дигар роҳҳо мегирӣ, аммо ман мехоҳам исбот кунам, ки мешавад ба дониши худ низ таҳсил кард.»

Ба дигар муҳассилин ва ҳамсолони худ ҳам Насиба пеш аз ҳама ҳамин маслиҳатро медиҳад ва таъкид менамояд, ки барои ин онҳо бояд пайваста дониш омӯзанд ва дар назди худ мақсади муайяне гузоранду барои ноил шудан ба он кӯшиш намоянд.
XS
SM
MD
LG