Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбозони беҳтарини Тоҷикистон маълум шуданд


ТЕННИС. Мусобиқоти қаҳрамонии тенниси Тоҷикистон, ки бо ширкати ҳудуди 50 варзишгар дар қасри тенниси Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии теннисбозони шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дилшод Шарифӣ дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон мақоми аввалро касб кард. Шабнам Юсуфҷонова дар рақобатҳо миёни занон муваффақ ба дарёфти медали тиллои мусобиқот шуд. Дилшод Шарифӣ ва Мирҳусейн Яҳёев дар рақобатҳои ҷуфти мардона, Орой Маҳмудова ва Сарвинози Саидмуҳаммад дар рақобатҳои ҷуфти занона пирӯзӣ ба даст оварданд.
БАСКЕТБОЛ. Давраи аввали мусобиқоти лигаи баскетболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Зӯҳро-1»-и шаҳри Душанбе поён ёфт. Ин даста дар охирин дидори марҳилаи аввал бар тими «Фаэтон»-и Душанбе бо натиҷаи 82 бар 70 ғолиб омад ва бо 14 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифт.
ФУТБОЛ. Рӯзи шанбеи 2 июл бозиҳои даври нӯҳум ва охирини марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. Дидори пешсафони ҷадвали мусобиқот «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш», ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат мегирад, бозии марказии ин давр маҳсуб меёбад. Дар айни ҳол «Вахш» бо 22 хол дар ҷойи аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 20 хол дар зинаи дуввум қарор доранд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум оғоз шуд. Дар рақобатҳо ҳафт даста аз Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Восеъ, Колхозобод ва Фархор ширкат меварзанд. Дар нахустин даври мусобиқот «Ваҳдат» дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ва «Фархор» бар тими меҳмон-«Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба карданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG