Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатҳои табиӣ Тоҷикистонро ором намегузоранд


Қадами офатҳои табиии чанд рӯзи ахир дар вилояти Хатлон сарзада ба ноҳияи Қабодиёни ин вилоят низ расид. Борони зиёд сатҳи дарёи Кофарниҳонро боло бурда, сарбанди об дар деҳаи Тангбори ноҳияи Қабодиёнро шустааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилоъи дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, кӯчиши кӯҳ дар километрҳои аз 114 то 116 -уми шоҳроҳи Душанбе - Рашт - Ҷиргатол хавфи баста шудани ин шоҳроҳро ба вуҷуд овардааст. Дӯстмуҳаммад Дабиров, масъули дафтари матбуотии вазорати ҳолоти изтирории кишвар, ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол, нуқтаи назорати муттасил дар ин мавзеъ ташкил шудааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG