Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамоат бояд интихоб шавад ё таъйин?


Ислоҳоти идораҳои маҳаллӣ ҷиҳати худидорӣ ва худифо бидуни марказ мавзӯъи аслии як ҳамоиши созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони мақомоти навоҳиву вилоятҳои Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе буд. Ин ҳамоиш бо саъйи созмони байналмилаллии мавсум ба "Урбан" ё худ "Шаҳрдорӣ" сурат гирифт. Ба қавли намояндаи созмони "Урбан", дар ин ҳамоиш як низомномаи худидоракунии ҷамоатҳо ва шаҳракҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки бар асоси он, ҷамоатҳо битавонанд роҳҳои дарёфти маблағ барои таъмини фаъолиятҳо худро биёмӯзанд ва аз буҷае, ки давлат барои онҳо ҷудо мекунад, вобаста набошанд ва илова ба ин, дар роҳи ҳалли масоили мавҷуд бо мардум мустақилона ва озод амал кунанд.

Муҳаммадалӣ Юсуфов, раиси шаҳраки Сомонӣ, воқеъ дар 20 -километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, татбиқи низомномае, ки аз тарафи созмони "Урбан" мавриди баррасии ҷамоатҳои Тоҷикистон қарор дода шудааст, барои рушди ҳамаҷонибаи шаҳракҳо ва ҷамоатҳо мусоидат мекунад. Оқои Юсуфов афзуд: "Ин консепсия дар роҳи рушди воқеъии шаҳраки мо метавонад нақши муассир дошта бошад. Масалан, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ мешавад, ки мактабҳо, роҳҳо ва муассисаҳои ҷамоати шаҳраки мо обод шуда, рушд кунанд."

Мариан Шуманоич, корманди институти "Урбан" гуфт: "Ҳадафи мо ҷалби созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ҷиҳати рушди ҷамоатҳо мебошад, то ин ки ҷамоатҳо дар роҳи ҳалли масоили мухталиф бо мардум фаъол шаванд. Гузашта аз ин, мо мехоҳем як чаҳорчӯби ҷадиди фаолияти ҷамоатҳоро ба роҳ монем ва тибқи ин чаҳорчӯб, ислоҳот дар мақомоти ҷамоатҳо сурат гирифта, ин ҷамоатҳо дар миёни аҳолӣ бонуфузтар хоҳанд шуд."

Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ба масоили ҷамоатҳо машғуланд, низ аз ин икдоми созмони байналмилалии "Урбан" пуштибонӣ мекунад. Саодат Мӯъминова, раиси созмони ғайрадавлатии "Ситора" мегӯяд, агар бар замми ин низомномаи институти "Урбан", раисони ҷамоатҳо интихобй шаванд, имкон медиҳад, ки ҷамоатҳо ба унвони як идораи ҳукумат оҳиста - оҳиста ба созмони мардумӣ табдил ёфта, бо аҳолӣ наздиктар шаванд: "Мутаассифона, даромади корхонаву иншоотҳое, ки дар атрофи ҷамоату шаҳракҳо ҳастанд, барои рушди ҷамоатҳо он қадар кӯмак намекунад. Ба фикри ман, раҳандозии чунин як консепсия иқдоми хубе аст ҷиҳати пуштибонии мардум."

Тарҳи пешниҳодии низомномаи худидоракунии маҳалҳо, ки созмони байналмилалии "Урбан" таҳия кардааст, феълан таҳти баррасии як ҳайъати коршиносони давлатӣ ва намояндагони ин созмон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG