Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вилояти Суғд беш аз 6 миллион сомонӣ маоши мардум пардохта нашудааст


Бино бар иттилоъи идораи кор ва масоили иҷтимоии ҳукумати Суғд, то ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавии вилоят ба миқдори беш аз 6 миллион сомонӣ, баробар ба 2 миллион доллари амрикоӣ пардохт нашудааст. Раҳмон Зоҳидов, сарвари ин идора дар нишасти хабарии маркази иттилоъот ва таҳлили ҳукумати Суғд гуфт: «То якуми майи соли ҷорӣ қарзи маош наздики 9 миллион сомониро ташкил медод. То оғози моҳи июн беш аз ду миллион аз ин маблағ ба маошхӯрон пардохта шуда, вале то ба имрӯз зиёда аз шаш миллиони он напардохта, ҳамчун қарзи маош боқӣ мондааст.»

Нарзулло Дадобоев, раҳбари маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд мегӯяд, маблағи умумии маоши ҳармоҳаи кормандони тамоми корхонаву идораҳо ва муассисаву хоҷагиҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ дар вилояти Суғд беш аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди пардохти саривақти маош бештар бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва маориф ва тандурустӣ қарздор шудаанд. Оқои Дадобоев сабаби умдаи ба таъхир афтодани пардохти маошро ба коҳиши буҷаи маҳаллӣ вобаста медонад: «Вазифаи пур кардани буҷаро, ки тамоми маошҳо аз ҳисоби он карда мешавад, идораҳои андоз ва пулиси андоз бар ӯҳда доранд. Вале, мутаассифона, на дар ҳама маҳалҳо кормандони идораҳои андоз бар иҷрои ин кор муваффақ мегарданд. Зеро аксари мутахассисини ин бахшҳо бевосита аз сӯи мақомоти болоӣ ва дар бештари маврид на бо мувофиқаи ҳукуматҳои маҳаллӣ таъин карда мешаванд, ки ин ба заъфи фаъолияти онҳо сабаб мегардад.»

Ҳамчунин, масъулини ҳукумати Суғд мегӯянд, дар бархе аз маворид пардохти маоши кормандон бо ҷурми сарони корхонаву идораҳо сурат нагирифтааст. Дар бораи чунин мавориди қонуншиканӣ, бино ба иттилоъи идораи кор ва масоили ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилоят, аз ҷониби додситонии Суғд 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG