Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин ҷузъиёти ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардонов


Шаби 29 ба 30 июн манзили зисти падари Муродалӣ Алимардонов - раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар рустои Ноҷии Болои ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 30-километрии ғарби Душанбе мавриди ҳамлаи ғоратгаронаи як гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтааст. Худойназар Асозода - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кушта шудани як муҳофизи манзили маскунии оқои Алимардонов бо зарби тири туфанг ба ҳангоми муқовимат бо ин гурӯҳи мусаллаҳро таъйид кард. Оқои Асозода, ки рӯзи 30 июн дар як нишасти хабарӣ маълумоти мавҷуд аз ин ҳодисаро тавзеҳ мекард, гуфт, афроди мусаллаҳ дасту пои падари Муродалӣ Алимардоновро баста, 7 000 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ, миқдоре аз ҷавоҳирот ва як автомобили хидматии раиси Бонки миллиро ба ғорат бурдаанд. Гурӯҳи фаврии вазорат дар пайи таҳқиқи ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе - Ҳисор муҳофизи дуввуми манзили зисти раиси Бонки миллиро бо дасту пои баста дар бағоҷи автомобили дуздидашуда пайдо кардааст.

Тоҳир Норматов, раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохила гуфт, ҳамлагарон се нафар будаанд ва муҳофизи аввали Муродалӣ Алимардонов дар натиҷаи задухӯрд бо ғоратгарон кушта шудааст. Сухангӯи вазорати умри дохилаи Тоҷикистон гуфт, аъзои хонаводаи Муродалӣ Алимардонов ба аснои ҳамла осеб надида ва худи ӯ ба ҳангоми вуқӯъи ин ҳодиса ҳузур надоштааст. Дар ҳамин ҳол, додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қазияи мазкур тибқи моддаҳои 249 ва 104 қонуни ҷиноии кишвар, яъне ҷиноёти куштор ва ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва дар вазорати умури дохила низ зери раҳбарии муовини вазир Раҳимов як гурӯҳи вижа ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаи мазкур ташкил шудааст.

Ҳарчанд дар вазорати умури дохила аз ироаи ҳар навъ фарзияи эҳтимолӣ дар мавриди ҳодисаи ҳамла ба манзили зисти падари раиси Бонки миллии Тоҷикистон худдорӣ мекунанд, аммо худи Муродалӣ Алимардонов ангезаи сиёсӣ доштани онро радд карда, гуфтааст, ин ҳамла танҳо ба хотири ғорати молу пул сурат гирифтааст0.

Муродалӣ Алимардонов, яке аз ёрони наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов буда, риштаи иқтисоди Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 1996 ба ин сӯ раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG