Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таътили шумо хуш мегузарад?


Бо баробари шурӯъи таътили тобистона дар макотиби миёнаву олӣ барои аксари хонандагону донишҷӯён мавсими мардикорӣ фаро расид. Ин се моҳи таътили худро агар иддае дар истироҳатгоҳу мавзеъҳои зебо гузаронанд, теъдоди аъзами хонандагон аз паи дарёфти ҷои кор мегарданд. Муҳассилин ҳангоми таътил бештар ба таъмири манзилҳо, корҳои сохтмонӣ, тиҷорат ва кор дар саҳро даст мезананд ва бархе ҳам ба Русия сафар мекунанд. Вале теъдоди онҳое, ки дар Тоҷикистон меистанду асосан ба корҳои сохтмон машғул мешаванд, сол аз сол меафзояд.

Шаҳбоз, хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Ёвон, баъд аз супурдани имтиҳонҳо ба пойтахт омадааст ва имрӯз бо як гурӯҳи бистнафараи ҷавонон мактаб - интернатеро тармим дорад. Шаҳбоз мегӯяд, тайи се соли ахир истироҳати худро бефоида намегузаронад ва ҳар тобистон як миқдор маблағ ҷамъ меоварад: «Дар як рӯз то бист сомонӣ кор мекунам, дар як моҳ то дусад доллар. Саҳар мехезем, худамон якнонӣ мехарем, худашон хӯроки пешин медиҳанд, хайр, кор мекунем, поҳоямон дард мекунад, бисёртар рост истода кор мекунем барои ҳамин хаста мешавем»

Шаҳбоз пайваста дар таътил кор мекунад ва ба модараш дар таъмини чаҳор бародари хурдсолаш кӯмак мерасонад. Аммо боз қисмате аз муҳассилини мардикор мегӯянд, ҳарчанд шароити онҳо бад нест, аммо мехоҳанд ҳадди ақал дар ин се моҳ ба волидайни худ кӯмак расонанд. Сорбон, донишҷӯи курси аввали донишгоҳи нақлиёт аз он нороҳат аст, ки ду ҳафтаи таътил гузаштааст, аммо ӯ то ҳол ба худ ҷои кор наёфтааст: «Ҳоло кор кофта истодаам, соли гузашта кор карда будам, ёд гирифтам таъмирро, шароитмон вазнин нест, лекин аз бекориро кор мекунам, барои худам даркор мешавад»

Фарҳод ном донишҷӯи дигар, ки имрӯз дар яке аз бозорҳои пойтахт ба тиҷорат машғул аст, мегӯяд, як сол пеш дар таътили семоҳа ба Русия рафта буд ва кор кардану ба даст овардани маблағи зиёд дар ин се моҳ барояш беҳтарин таътил буд: «Қариб 400 доллар дар як мавсим кор мекунем. Ин тобистон ҳамроҳ бо амакам дар бозори 82 савдо мекунем, истироҳат намекунем, ин хубтар аст аз се моҳ бекор гаштана ягон сӯм кор мекунем, либос мехарем»

Тибқи низомномаи "Ташкил ва гузаронидани истироҳати тобистона"-и вазорати маориф, имрӯз дар назди хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳудуди сад ӯрдугоҳи кориву истироҳатӣ ташкил шудааст, ки бе додани музди кор хонандагони макотиби миёнаро ба кор ҷалб менамоянд ва имрӯз алакай 2000 хонанда машғули корҳои гуногунанд. Барно Ашӯрова, масъули вазорати маорифи Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: «Дар назди хоҷагиҳо дар ҷамъоварии ҳосил, дар нигоҳубини растаниҳо, дар ободонии онҳо ҳиссаи худро мегузоранд, ба ғайр аз ин, ба таъмири мактабҳо низ онҳо ҷалб шудаанд»

Ба гуфтаи хонум Ашӯрова, барои донишҷӯён имрӯз чунин истироҳатгоҳҳои корӣ вуҷуд надорад, аммо дар солҳои шӯравӣ донишҷӯён ва хонандагони макотиби миёнаро дар мавсими таътил ба хориҷи кишвар сафарбар менамуданд ва бархе ройгону бархи дигар тибқи шартнома бо маблағ ба кор ҷалб мешуданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам нақша дорад, он таҷрибаро дар беруни кишвар барқарор созад, гуфт Барно Ашӯрова.

Вале аксари ҷавонон кори вазнин, аммо сердаромадро аз кори бемузд беҳтар медонанд.
XS
SM
MD
LG