Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мавсими нави кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон


Даҳ варзишгари русу англис аз шаҳрҳои Омск, Лондон ва Ливерпул ба фатҳи қуллаи Револютсия, воқеъ дар қаторкӯҳи Язғуломи Помир шурӯъ карданд. Раъно Собирова, раҳбари ширкати кӯҳнавардии «Алп - Машков» ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нахустин экспедитсияи байналмилалист, ки ба мавсими нави кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшид. Вай афзуд, имсол баргузории экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардиро таҳти шиори «10 соли амалиёт барои оби тоза» ба нақша гирифтаанд. Моҳҳои июл ва август ҳудуди 200 варзишгар аз 15 мамлакат, аз ҷумла Норвегия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чехия, Португалия ва аз Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ талош хоҳанд кард, қуллаҳои баландтарини кӯҳистони Помир - Исмоили Сомонӣ ва Евгения Корженевскаяро, ки баландиашон мутаносибан 7 495 ва 7 105 метр мебошад, фатҳ кунанд.

Соли гузашта наздики 100 кӯҳнавард аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба экспедитсияи байналмилалӣ шомил буданд, ки 19 нафарашон қуллаи Исмоили Сомонӣ ва 27 нафар қуллаи Корженевскаяро фатҳ намуданд. Хонум Собирова дар идома иброз дошт, кумитаи тадорукот, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷиҳати муташаккилона гузаштани экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ кӯмак хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG