Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ғоратгарона ба манзили раиси Бонки миллии Тоҷикистон


Масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Худойназар Асозода рӯзи панҷшанбе, сиюми июн дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хабари ҳамлаи як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳро ба манзили зисти Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ намуд ва афзуд, ин ҳодиса шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе рух дода, дар натиҷаи он як посбон кушта шудааст. Ин ҳодиса дар зодгоҳи Муродалӣ Алимардонов, рустои Ноҷии Болои ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 30-километрии ғарби Душанбе иттифоқ уфтода, ҳамлаварон мошини хидматии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва тақрибан 7 000 доллар ва 500 сомониро аз хонаи ӯ рабудаанд.

Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон афзуд, ҳоло як гурӯҳи махсуси ниҳодҳои қудратӣ дар пайи омӯзиши ин ҳодиса мебошад. Ӯ гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин як сӯиқасд ба ҷони ҷаноби Алимардонов буд ва ё як амали ғоратгарона. Ҳини ҳамлаи гурӯҳи ношинос раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо хонаводааш дар манзил набудаанд ва касе аз онҳо осеб надидааст. Худойназар Асозода , масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, барои халалдор накардани пажӯҳиши ҷиноӣ аз нашри ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ мешавад. Гуфта мешавад, мақомот дар робита ба ин ҷиноят бо иттиҳоми қатлу ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Худи Муродалӣ Алимардонов ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ба эътиқоди вай, ин ҳамла ангезаҳои сиёсӣ надошта, танҳо ба хотири сирқати молу пул сурат гирифтааст. Муродалӣ Алимардонов гуфта, ки бояд акнун мунтазири натоиҷи таҳқиқоти додситонӣ шуд.
XS
SM
MD
LG