Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи дониш ё нархи диплом?


Дар ҳамаи донишгоҳҳои пойтахт маъракаи дохилшавӣ, аниқтараш ҳуҷҷатсупорӣ дар авҷ аст ва ҷавонон кӯшиш мекунанд муҳассили факултаҳои мӯътабартари ин донишгоҳҳо гарданд. Ба қавли ҷавонон, имрӯз ҳам факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, забономӯзӣ(ба хусус забони инглисӣ), муносибатҳои байналмилӣ, барномасозии компутар, ҷарроҳӣ ва пизишки занона ба гурӯҳи факултаҳои серхаридортарин шомил мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки арзиши маблағи гурӯҳҳои шартномавии факултаҳои мазкур сол аз сол меафзояд. Маблағи шартнома дар Донишгоҳи Миллӣ (ДДМТ) аз 100 то 1000 доллар ва дар дигар донишгоҳҳо аз 100 то 500 долларро ташкил медиҳад.

Бо як ҷавони довталаб ва холае, ки барои хоҳарзодаи довталабаш муаллими ошнояшро меҷуст, мусоҳиб мешавам.

Садои мард: - Ба факултаи методика дохил шуданиям. Ман ба донишам бовар дорам ва агар пул талаб кунанд, дохил намешавам. Чунки бо пул ки дохил шудӣ, дигар намехониву майнаат холӣ мемонад.

Сӯҳбати зан: -Ҷияни ман имсол ба факултаи кимиёи ДДМТ дохил мешавад, чунки кафедраи ҳарбӣ дорад ва ҷияни ман ба хизмати ҳарбӣ рафтан намехоҳад. Ӯ мехост ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавад,аммо аз он ҷо 1000 доллар ришва талаб карданд. Баъд ба Донишгоҳи Миллӣ ба факултаи кимиё омадем. Ин ҷо арзонтар аст.


Довталаби мусоҳибам мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ бар ивази маблағ ба донишгоҳ дохил намешавад, зеро ба худаш бовар дорад. Аммо таҷрибаи солҳои гузашта нишон доданд, ки ба иллати фасоду ришвахорӣ баъзан наврасони боистеъдод сарфи назар мешаванд. Ҳама мулоқоти рӯзи 21-уми майи соли ҷории раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо ҷавонони тоҷикро дар ёд доранд, ки ӯ баъди шикояти як духтарак масъалаи ришвату фасодро аз масоили сахти соҳаи маорифи Тоҷикистон номида, ба худи ин духтарак роҳхати таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносиро таъмин намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонов ,вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳадафи коҳиши ришвахорӣ ба ҳамаи донишгоҳҳо ваколати ихтиёри интихоб намудани шаклҳои имтиҳони қабулро додаанд: "Ихтиёрӣ маънояш ин аст, ки метавонад шакли тестӣ гирад, метавонад шакли анъанавӣ ё диктантро дошта бошад. Ҳадаф аз ҳамаи шаклҳо ба ҷавонони болаёқат додани имкони дохил шудан ба донишгоҳ аст."

Ба гуфти Ҷамшед Ёров, устоди ДДМТ, имсол донишгоҳ зиёда аз 2000 донишҷӯро ба таҳсил фаро мегирад.
Дар ҳамин замина ӯ гуфт, ки ДДМТ шакли имтиҳони тестӣ ва навиштани диктантро қабул кардааст: "Дар имтиҳони қабули ДДМТ як қатор тағйиротҳо дида мешаванд. Ин барои ҳамаи факултаҳо баъд аз тест гирифтани диктант мебошад. То ин ки сатҳи саводнокӣ ва забондонии довталабон муайян карда шавад. Ҳар касе ки забони модаришро намедонад, ӯ чӣ гуна метавонад дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият кунад."

Дар назар аст, ки аз оғози соли таҳсил донишгоҳи омӯзгории пойтахт низ якчанд факултаҳояшро муттаҳид созад. Ба андешаи муттасадиёни донишгоҳ, дар замони ҳозира талабот ба муаллимони серсоҳа афзудааст, яъне аз ин ба баъд якбора муаллимони фаннҳои ба ҳам наздик омода карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG