Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаббуси нави президенти Тоҷикистон ва тарҳи нави СММ


Радиои Озодӣ: Нукоти аслии ин барнома кадом аст?

Вилям Пейтон: Барномаи мубориза бо фақр дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҷаҳонии Ҳадафҳои рушди Миллениум ё ҳазораи СММ анҷом мегирад. Тибқи ин барнома дар назар дошта шудааст, ки то соли 2015 фақр дар саросари ҷаҳон то андозае аз миён бардошта шавад. Дар назар аст, шумораи кӯдаконе, ки то синни панҷсолагӣ вафот мекунанд, ба маротиб коҳиш дода шавад. Дар зарфи 10 соли оянда фавти кӯдакони то панҷсола аз 12 дарсад ба чаҳор дарсад поин оварда мешавад. Шумораи афроде, ки дар фақру бенавоӣ ба сар мебаранд, 50 дарсад кофиш хоҳад ёфт. Аммо дар ин замина ду нуктаи муҳим мавҷуд аст. Аввал, бояд дар сохторҳои давлатӣ ислоҳот анҷом гирад, сониян ба коҳиши сатҳи фақр таваҷҷуҳи бештар мабзул гардад ва кишварҳои кӯмаккунанда аз ин барномаҳо ҷонибдорӣ кунанд. Мо умедворем, ки давлатҳо ва кишварҳои кӯмаккунанда талошҳои худро дар ин замина ду баробар хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ: Оё СММ барои сармоягузорӣ кардани ин барнома бо кишварҳои кӯмаккунанда ва созмонҳои имдодрасонӣ музокира анҷом медиҳад ва вазъи Тоҷикистон дар ин замина чӣ тавр аст?

Вилям Пейтон: Ба бовари ман, Тоҷикистон нисбат ба ҳар кишвари дигар ба маҳрумиятҳои иқтисодӣ рӯбарӯ шуд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлол ин кишвар билофосила даргири ҷангҳои дохилӣ шуд, шадидтарин ҷангҳои дохилӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ. Акнун ки кишварҳои кӯмаккунанда барои коҳиши сатҳи фақр ваъдаи кӯмак мекунанд, бояд дар назар дошт, ки ташвиши кишварҳои кӯмаккунанда ва давлатҳо дар ин замина яксон аст, сониян ин ҷо фақат масъалаи пул нест, балки истифодаи пурсамари он ва иҷрои таъаҳҳудоти ҷонибҳои ҳамкор дар баробари якдигар аст.

Радиои Озодӣ: Оё ҷониби Тоҷикистон барои иҷрои самарбахши барномаи мубориза бо фақр таъаҳҳудоте дорад?

Вилям Пейтон: Ман фикр мекунам, ки давлати Тоҷикистон як силсила иқдомот дар назар гирифтааст. Баъд аз конфаронси видюӣ дар дафтари мо дар Душанбе бо Ҷэфрӣ Сакс - раҳбари барномаи Миллениуми СММ, Эмомалӣ Рамонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне як гурӯҳи кории раёсати ҷумҳуриро ташкил дод ва сарпарастии онро ба муовинони нахуствазири Тоҷикистон вогузор кард. Соли 2000 кишварҳои узви СММ ваъда карданд, ба ҳадафҳое бирасанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст: Ин ваъдаҳо бар чӣ асосе устувор аст? Қарор буд, як силсила ислоҳоти давлатӣ анҷом гирад ва кумакҳои молии кишварҳо ироа шавад. Акнун давлат номаеро ҳам хитоб ба дабири кулли СММ дар ҳамин замина фиристодааст ва дар он як бори дигар таъкид кардааст, ки бар ваъдаҳояш дар бораи коҳиши мизони фақр вафодор хоҳад монд ва онро яке аз бартариҳои аслии фаъолияти худ хоҳад донист. Ду рӯзи пеш, мо Ёддошти тафоҳумеро ҳам дар ин замина имзо кардем. Пас мебинем, ки давлат ду гоми муҳиме дар ин самт бардоштааст.

Радиои Озодӣ: Дар мавриди решакан кардани фасод вазъ чӣ тавр аст?

Вилям Пейтон: Бале, дар мавриди фасод бояд гуфта шавад, ки ин як мушкил аст ва мо дар мавриди кишваре суҳбат мекунем, ки дар он ҷо ин як мушкили бузург аст. Агар кишварҳои кӯмаккунанда бихоҳанд аз мавзӯъи фасод ба унвони баҳонае барои надодани пул истифода кунанд, он вақт ман аз онҳо хоҳам хост, ки далоили худро бо ироаи мадрак бигӯянд. Ман аз онҳо хоҳам пурсид, ки агар кишваре фавқулода фақир аст, оё мо бояд интизор бишавем, ки аввал фасод дар он кишвар решакан шавад ва баъд мо бо фақр дар он ҷо мубориза кунем. На! Ба назари ман, мо бояд билофосила вориди амал шавем ва ҳамзамон бо фасод ҳам мубориза кунем.
XS
SM
MD
LG