Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 солу даҳ моҳи зиндон -- барои 1 номаи нашрнашуда?


5 солу 10 моҳ ҳукми зиндони муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт Рустам Файзиев, ки рӯзи 28 июн Додгоҳи Олии Тоҷикистон содир кард, барои аҳзоби дигари кишвар, хусусан барои аҳзоби мухолифи ҳукумат, ва барои маҳофили сиёсии Тоҷикистон ғайримунтазира ва таккондиҳанда будааст.

Ҳуқуқшиносон ин ҳукми додгоҳро нодуруст ва ғайриқонунӣ дониста мегӯянд, ҳар шаҳрванди кишвар ҳаққ дорад, фикри худро роҷеъ ба вазъи ҷомиа озодона бинависад. Дар ҳоле ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар нақзи ду банди қонуни ҷиноии кишвар - таҳқири шахсияти раисиҷумҳур ва барангехтани адовати милливу маҳаллӣ гунаҳкор медонад, номаи Рустам Файзиев дар ҳеҷ нашрия ва ё родиё ё телевизион пахшу нашр нашудааст. Нор Нуров, додраси Додгоҳи Олӣ ва қозии мурофиаи Рустам Файзиев инро таъйид мекунад ва мегӯяд, намояндагони ҳизби Тараққиёт дар ниҳоят ба хулосае расида буданд, ки ин номаро дар ҳеҷ куҷо ба дасти чоп надиҳанд. Нор Нуров дар бораи ҷузъиёти сиёҳнависи номаи Рустам Файзиев унвонии додгоҳи байналмилалии Ҳейг мегӯяд: "Дар номаи озод қайд шудааст, ки ҳокимияти ҳозира дар натиҷаи табаддуллоти ҳарбӣ ба сари ҳокимият омад, дар вақти ҳозира ҷинояткорони яроқнок ба системаҳои қудратӣ ба кор даромада ва дар он ҷо фаъолият доранд."

Бо вуҷуди 20 дақиқа тӯл кашидани нишасти хабарии Нор нуров ба думболи судури ҳукми Рустам Файзиев, ин парванда ва достони ҳукми муовини раиси ҳизби Тараққиёт ҳамчунон суолбарангез боқӣ мемонад. Оқои Нуров намегӯяд, ки таркиби ҷинояти содиркардаи Рустам Файзиев чист? Суоле пеш меояд, ки агар навиштани як нома ҳатто бидуни нашри он ҷиноят бошад, пас ин амал мутобиқ ба кадом банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон ва кадом қавонини байналмилалӣ ба унвони ҷиноят маҳкум шудааст?

Ҳуқуқшиноси тоҷик, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Ашӯрбой Имомов мегӯяд, модоме ки номаи Рустам Файзиев дар ҳеҷ расона нашр шудааст, амали ӯ ҷиноят нест ва гузашта аз ин, ҳатто агар оқои Файзиев тасмим дошт, бо эжътироз аз раҳбарияти Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиъат кунад, ин ҳаққи шаҳрвандии ӯст. Ашӯрбой Имомов мегӯяд: "Ба фикрам, ин ҷиноят нест ва ҳар кас метавонад чунин амал кунад. Фақат ин ки пеш аз муроҷиъат ба додгоҳи Ҳейг бояд ба ҳама мақомоти додгоҳҳои миллӣ муроҷиъат кард. Агар ин ҳама ҷараёнро гузашта бошад, ман намефаҳмам, ки чаро бояд муроҷиъат накунад?"

Ва аммо сарнавишти Рустам Файзиев бештар аҳзоби мухолифи фаъол дар Тоҷикистонро водор ба андеша кардааст. Ба ақидаи намояндагони ин аҳзоб, мақомоти додситонӣ ва додгоҳии кишвар ҳанӯз ҳам таҳти таъсири ҳукумат қарор доранд ва бо чунин ҳукму бо чунин шеваи расидагӣ ба парвандаи Рустам Файзиев президент мехоҳад ба ҳизбҳои дигар нишон диҳад, ки на ҳар чӣ ки дар қонун ҳаст, балки ҳар чӣ ки шахси ӯ мехоҳад, метавонад анҷом шавад. Муовини раиси ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Валиев бо ишора ба достони боздошт ва истирдоди то ҳол пурасрори раиси ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе мегӯяд, ҳадафи президент Раҳмонов нишон додани мушти худ ба аҳзоби дигар ва ба шахсиятҳои сиёсии кишвар дар остонаи интихоботи соли ояндааи раёсатҷумҳурист. Оқои Валиев мегӯяд: "Он чӣ ки бар сари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров омадааст ва натиҷаи додгоҳи муовини раиси ҳизби Тараққиёт Рустам Файзиев, ба фикри ман, як мониаи дигар дар роҳи фаъолияти комили аҳзоби сиёсӣ мешавад. Пеш аз маъракаҳое ба мсили интихоботи президент чунин иқдом кардан, ба фикри ман, нодуруст аст."

Намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, таҳаввулоти ахир аҳзобро ҳушдор медиҳанд, ки ҳар қадами баъдии худро бо эҳтиёт ва санҷида бардоранд, то ҳадафи баъдии таъқиби мақомот қарор нагиранд. Ба ақидаи онҳо, бо чунин ҳол намешавад дар саҳнаи сиёсии кишвар озодона фаъолият кард ва ягон номзади дигари шоистаро барои интихоботи соли оянда муаррифӣ намуд.
XS
SM
MD
LG