Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи бунёди нахустин нирӯгоҳҳои кӯчак дар рӯди Зарафшон


Нахустин нирӯгоҳҳои хурд дар рӯди Зарафшон дар мавзеъҳои Ёвон, Фондарё, Оббурдон ва Киштӯдак бунёд хоҳанд шуд. Чунин тасмим ахиран дар анҷоми сафари як ҳайъати коршиносон ва сармоягузорон аз Русияву Украина гирифта шуд. Сафари ин ҳайъат ба водии Зарафшон таҳти раҳбарии вазири энержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов сурат гирифт.Ҳайъати мазкур зимни боздид бо макони бунёди нирӯгоҳҳои хурд дар дарёи Зарафшон шинос гардида, дар Киштӯдак макони сохтмони пойгоҳи асосии ин нирӯгоҳҳо ва шаҳраки Барчиёнро таҳқиқ ва захоири бузурги нирӯи барқи рӯди Зарафшону имконоти мусоиди табии минтақаро барои бунёди чунин нирӯгоҳҳо муқаррар намуд.

Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, вазири энержии Тоҷикистон, гуфтааст, дар болооби Зарафшон, дар қисмати кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Айнӣ 12 нирӯгоҳи хурд сохта хоҳанд шуд, ки ҷиҳати рафъи бӯҳрони таъмини водии Зарафшон бо нирӯи барқ мусоидат хоҳанд кард. Ҳабибуллоҳ Бобомуллоев, раиси ҷамъияти саҳомии "Шабакаҳои барқи водии Зарафшон" дар ин робита гуфт, бунёди ин нирӯгоҳҳо имкони тавзеъи бидуни маҳдудияти нирӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳои водӣ фароҳам хоҳад сохт. Оқои Бобомуллоев имкони ба хориҷи кишвар фурӯхтани тавлидоти нирӯи барқи нирӯгоҳҳои хурди рӯди Зарафшон ва обёрии ҳазорон гектар заминҳои кишти минтақаро аз фоидаҳои дигари иқтисодии ин барнома унвон кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир вазорати энержии Тоҷикистон ҳамроҳ бо коршиносони Русияву Украина ҷиҳати таҳияи тарҳҳои мушаххаси бунёди ин нирӯгоҳҳо ва ҷалби сармоя барои татбиқи ин барнома талош доранд.
Шоҳини Равшан, шаҳри Панҷакент
содир кардани : ".
XS
SM
MD
LG