Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми кори иҷлосияи аввали Маҷлиси Намояндагон


Дар ҷаласаи ахири қабл аз таътили тобистона Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон санади таъмини иттилоъотии ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба тасвиб расонд. Олим Салимзода - узви Маҷлиси Намояндагон ба ҳангоми тавзеҳи нукоти аслии ин санад гуф, тасвиби он аз сӯи ниҳодҳои қонунгузории кишварҳои муштаракулманофеъ заминаи ҳуқуқии дастрасӣ ба манобеъи хабарии низомии ин кишварҳоро барои кормандони расонаҳои гурӯҳӣ фароҳам месозад.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа вакилон ба Ойинномаи интизомии нирӯҳои мусаллаҳи кишвар тағйирот ворид карда, хидмат бо усули қарордодӣ дар сафи артиши кишварро лағв намуданд. Мирзобек Ҳоҷиев, вакил аз Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки пиромуни ин тағйирот сӯҳбат мекард, гуфт, дар асоси фармони раисиҷумҳур хидмат бо усули қарордодӣ аз соли 2000 ба ин сӯ дар артиши Тоҷикистон вуҷуд надорад. Оқои Ҳоҷиев иллати лағви хидмат бо усули қарордодиро ба мушкилоти иқтисодии кишвар марбут донист.

Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон дар анҷоми иҷлосияи аввали порлумон фаъолияти вакилонро дар ним соли аввал мусбат арзёбӣ кард. Оқои Хайруллоев гуфт, тайи фаъолияти чаҳормоҳа ҳайъати нави Маҷлиси Намояндагон тавонистааст бо қабули қавонин, тасвиби аснод ва қарордодҳо дар раванди инкишофи ҷомиаи тоҷик саҳм назаррас бигзорад. Иҷлосияи дуввуми Маҷлиси Намояндагон дар оғози моҳи оқтябри соли ҷорӣ барномарезӣ шуда ва тайи се моҳи таътил вакилон ҳамчунин муваззафанд, дар манотиқ бо интихобкунандагони худ мулоқотҳо доир кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG