Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди ҳамкории Бадахшон бо Қошғар


Ахиран дар шаҳри Қошғари Чин байни вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳавзаи маъмурии Қошғар як ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкориҳои иҷтисодиву тиҷоратӣ ва равобити марзӣ ба имзо расидааст. Зери ин санад раиси ҳукумати Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов ва раиси ҳавзаи Қошғар Акбар Ғафур имзо гузоштаанд. Тарафҳо тааҳҳуд кардаанд, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатии имзошуда миёни Душанбеву Пекин ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва равобити илмиву фарҳангӣ миёни ҳарду минтақаи ҳаммарз тавсиъа хоҳанд бахшид. Бекмуроди Адиббек, мушовири раиси вилояти Бадахшон дар сӯҳбат бо бахши интернетии Радиои Озодӣ гуфт, ин ёддошти тафоҳум пеш аз ҳама роҳҳои тавсиъаи харидуфурӯш ва ҳамкории байни Бадахшону Қошғарро дар соҳоти иқтисодиву тандурустӣ ва фарҳангу маорифу варзишро маълум мекунад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ Мирзоҷалоли Шоҳҷамол мегӯяд, тибқи ин ёддошти тафоҳум, омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои вилояти Қошғар ва ҳамин тавр, таълими забони чиноӣ дар донишгоҳи Хоруғ дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мушовири раиси вилояти Бадахшон Бекмуроди Адиббек, ҳайъати Тоҷикистон як протоколи муфассали ҳамкориро низ дар ихтиёри мақомоти Қошғар гузоштааст ва қарор аст, он ҷониб акнун ба баррасии ин тарҳи пешниҳодӣ бипардозад. Дар ин тарҳ истихроҷ ва коркарди фулузоти ранга, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки ин ҳамкорӣ эътироф шудаанд. Бекмуроди Адиббек гуфт, ин протокол баъди тасвиб шуданаш аз сӯи Пекин ба маърази имзо хоҳад расид.

Вай афзуд, рушди ҳамкориву тиҷорат байни Бадахшону Қошғар ба нафъи нафақат ин вилоят, балки ба фоидаи тамоми Тоҷикистон ва минтақа ҳаст ва Бадахшон метавонад дар оянда ба ҳайси як масири кӯтоҳи тиҷорат байни вилоёти ғарбии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиву Афғонистон хидмат кунад. Масофаи байни шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва шаҳри Қошғари Чин ҳудуди 680 километр буда, боз шудани роҳи ағбаи Қулма бар имконоти ҳамкориву тиҷорат байни ду минтақаи ҳаммарзи Қошғару Бадахшон афзудааст.

Қошғар баъди Тошқӯрғон дуввумин маҳалли сукунати тоҷикон дар музофоти Шинҷони Чин ба шумор меравад. Ба гуфтаи мақомоти чиноӣ, танҳо дар шаҳри Қошғар 45 хонаводаи тоҷик ба сар мебаранд.Ҷамъи тоҷикони Чин ҳудуди 41 000 нафар ҳисоб шудааст, ки ағлаби онҳо дар ноҳияи Тошқӯрғони вилояти Қошғари музофоти Шинҷони Чин зиндагӣ мекунанд.
Мирзои Салимпур, Прага, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG