Пайвандҳои дастрасӣ

Сабақҳои сулҳи Тоҷикистон


Ба баҳонаи солгарди имзои созишномаи сулҳ бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тасмим гирифт бори дигар нигоҳ афканад ба ҷонибҳои мухталифи иҷрои ин созишнома ва таъсири он ба ҳаёти баъдии Тоҷикистон. Бо гузашти 8 сол аз ин сана акнун мешавад дар ин замина суолҳоеро матраҳ кард. Мисли ин ки агар дар Тоҷиткистон оташи ҷанг фурӯзон намешуд, Тоҷикистон аз кадом роҳ метавонист пеш биравад. Суоли дигар аз заъфиятҳова бартариҳои сулҳест, ки ба ҳар сурат ва бо вуҷуди ҳама мушкилот дар Тоҷикистон барқарор шуд.
Дар мизигирди ба ин муносибат ташкилдодаи Радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе - профессор Иброҳим Усмонов, таърихшинос Нуралии Давлат, коршиноси мустақил Розия Исмоилова, аз Олмон - таҳлилгари умури минтиақа Чингизи Паҳлавон ва аз шаҳри Маскав рӯзноманигори мустақили тоҷик Додоҷони Атовуллоҳ ширкат карданд. Барои шунидани сӯҳбатҳои ин мизигирд аломатеро зер кунед, ки дар аввали саҳифа мебинед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG