Пайвандҳои дастрасӣ

Оби Омӯ каме ақиб нишастааст


Бино ба иттилоъи ситоди марказии ҳукумати Тоҷикистон, сатҳи дарёи Омӯ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон акнун 40 сантиметр пойин омада, шиддати хатари обхезӣ дар ин минтақа коҳиш ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон бо такя ба гузориши ахири ситоди махсус дар ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, вазъ таҳти назорати мақомоти масъули кишвар қарор дорад ва ҳукумати марказӣ барои рафъи ин мушкил як миқдор маблағ ҷудо кардааст. Оқои Раҳмонов ҳамчунин гуфт: "Сатҳи об нисбат ба 4 рӯзи пеш каме беҳтар шудааст. Дар он ҷо ситоди ҷумҳуриявӣ амал меекунад бо сардории муовини сарвазир (Асадуллоҳ) Ғуломов ва ман доим бо ин ситод дар тамос ҳастам. Мо барои гирифтани пеши роҳи ин садама маблағ ҷудо кардем ва тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем, ки мардум дар он ноҳияи зиёни калон набинад."

Дар ҳамин ҳол, Мирзо Зиёев, вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ вазъи бамиёномада дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва хисороти ворида ба он минтақаро бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу баррасӣ намуд ва Русия омода ҳаст, ба зудтарин фурсат ба ин минтақаи зарардида кӯмакҳои башардӯстона ирсол намояд. Ҷаноби Зиёев гуфт: "Имшаб мо бо вазири ҳолоти фавқулоддаи Русия сӯҳбати хеле тӯлонӣ доштем дар бораи ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба давлати Тоҷикистон. Офатҳое, ки расиданд, фикр мекунам, дар рӯҳои наздик оқибатҳояш рафъ хоҳанд шуд, вале муҳим ин аст, ки ин офатҳо талафоти ҷонӣ ба бор наоварданд."

Тайи чанд рӯзи гузашта дар натиҷаи бо суръат об шудани пиряхҳо сатҳи оби Панҷу Омӯ якбора боло рафта, ҷараёни об васоили соҳилбандиро хароб намуд ва аз соҳил берун омад. Дар натиҷа, дар ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 150 манзил зери об монда, майдонҳои пахта хароб гаштанд. Тибқи иттилоъи вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳудуди 8 000 нафар аз сокинони маҳаллоти наздики дарё ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, барои осебдидагони обхезӣ беш аз 50 тонна маводи ғизоӣ ва дорувор фиристода шудааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG