Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози набарди нав барои Тоҷикистон


Набарди наве дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, набард бо фақру бенавоӣ, - чунин унвон кардааст намояндагии барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Душанбе гузоришаш дар бораи ибтикори нави раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати мубориза бо фақри аҳолӣ дар ин кишварро.

Ин ибтикор зимни сафари мушовири хоси дабири кулли СММ дар умури барномаи рушди ҳазорсолаи профессор Ҷефри Сакс ва маликаи Ӯрдун Нур ба Тоҷикистон эълом шуд. Дар ин замина байни давлати Тоҷикистон ва СММ як қарордод ҳам ба имзо расида, ки тибқи он ҳукумати ин кишвар мукаллаф мешавад барномарезӣ ва буҷаи ҳама лоиҳаҳои марбут ба татбиқи стротежии коҳиши фақрро муттаҳид ва бо аҳдофи барномаи рушди ҳазорсолаи СММ мутобиқ хоҳад сохт. Масъулияти ҳамоҳангсозии ҷараёни татбиқи ин барномаҳоро раисиҷумҳури Тоҷикистон шахсан бар ӯҳда мегирад.

Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайъати баландпояи СММ номааш ба дабири кулли он созмон Куфӣ Анонро супурдааст, ки дар он хостаҳо ва ниёзмандиҳои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаи рушди ҳазорсола то соли 2015 бозгӯ шудааст. Ба ин тартиб, Тоҷикистон нахустин кишваре дар Осиёи Марказист, ки феҳрасти эҳтиёҷоташ ба манзури мушорикат дар татбиқи барномаи рушди ҳазорсоларо ба СММ ироа кардааст.

Бино бар омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир 64 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар пойини хатти фақр ба сар мебарад ва ин кишвар аз фақиртарин кишварҳо дар паҳнои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Профессор Ҷефри Сакс мегӯяд, Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо фақри аҳолӣ ба як стротежии собити миллӣ ва ба пуштибонии саршори байналмилалӣ зарурат дорад. Оқои Сакс гуфт, Тоҷикистон дар ин роҳ ҳамасола ба тақрибан 180 миллион доллар зарурат хоҳад дошт, яъне ду маротиба бештар аз кӯмакҳое, ки имрӯз ба Душанбе дода мешаванд.Аз ин даъвати афзоиши бакарати кӯмакҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон малика Нур ҳам пуштибонӣ карда, гуфтааст, дар лаҳазоте ки ин кишвар ба манзури татбиқи барномаи рушди ҳазорсола гомҳои воқеъӣ мебардорад, хеле муҳим аст, ки соъири ҷаҳон аз ин талошҳо ба таври бояд истиқбол кунад.

Барномаи рушди ҳазорсола, ки Маҷмаъи Умумии СММ дар соли 2000 қабул кардааст, махсуси ҳалли масоили доғе ба мисли аз байн бурдани фақру гуруснагӣ, таъмини шароит барои таҳсили ҳатмии ибтидоӣ, таъмини баробарҳуқуқии зану мард, коҳиши маргумири атфол, беҳбуди вазъи сиҳҳати модару кӯдак, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бо шумули масъунияти бадан ва ангалҳои ин беморӣ, таъмини оддитарин шароити беҳдошт ва масоили дигаре ба мисли инҳост. Тибқи ин барнмоа, бояд то соли 2015 шумори мардуми фақир дар ҷаҳон ду маротиба коҳиш дода шавад. Феълан беш аз 1 миллиард нафар аз мардуми сайёра бо даромади камтар аз 1 доллар дар рӯз ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG