Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар зери чатри Шӯрои вилоятӣ


Пайвастани бахшҳои куллия аҳзоби сиёсии Суғд, ба истиснои ҳизби сотсиал - демократӣ дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди ҳукумати вилоят аз ҷониби намояндагони ҳизби халқӣ - демократӣ аз муҳимтарин дастовардҳое арзёбӣ мешавад, ки ахиран дар заминаи фароҳам сохтани имкони баробари фаъолият ва тарвиҷи ақидаҳои сиёсии аҳзоб ба даст омадааст. Абдулҳаким Шарипов, мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳукумати Суғд, ки аз ҳизби халқии демократӣ намояндагӣ мекунад, дар бораи афзалиятҳои Шӯрои ҳамоҳангсоз чунин мегӯяд: «Аз рӯи низомнома вазифаи раисии Шӯрои ҷамъиятии аҳзоби сиёсӣ бар зиммаи раиси вилоят вогузор шудааст. Дар ҳар се моҳ як маротиба ҷаласаи Шӯро баргузор мегардад, ки рӯзнома ва маводи он аз ҷониби аъзои шӯро омода карда мешавад. Дар онҳо ба навбат аъзои Шӯро раисӣ мекунанд. Масалан, дар ҷаласаи ахир мо масъалаҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни ваҳдати миллии Тоҷикистон, ҳамкории мақомот бо воситаҳои ахбори сиёсӣ ва татбиқи барномаи стротежии паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави вилоятро мавриди баррасӣ қарор додем.»

Дар ҳоли ҳозир, Шӯрои ҳамоҳангсоз ягона ниҳодест, ки дар роҳи ҳамоиш ва созиши мавқеъи мухолифи аҳзоби сиёсии Суғд бо ҳизби ҳокими халқии демократӣ гоми сиёсӣ мебардорад. Ва ба узвияти ин Шӯро пазируфта шудани бахшҳои вилоятии ҳизбҳои демократӣ ва наҳзати исломӣ тибқи дархости худи онҳо ва дар ҳоле сурат мегирад, ки раҳбарияти марказии ин ду ҳизб тақрибан се моҳ қабл ба нишони эътироз ба наҳви баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон фаъолияти худро дар Шӯрои ҳамоҳангсози аҳзоби сиёсӣ қатъ кардаанд. Дар чунин ҳолат суоле матраҳ мешавад, ки оё бахшҳои суғдӣ ва марказии ҳизбҳои демократӣ ва наҳзати исломӣ дар баробари ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар марказ ва минтақа мухолифи ҳам мавқеъгирӣ кардаанд? Ҷумъабой Ниёзов, сарвари демократҳои Суғд мегӯяд, шомил гаштани демократҳои Суғд ба Шӯрои вилоятии аҳзоби сиёсӣ ҳаргиз мавқеъи демократҳоро бо ҳизби ҳоким дар минтақа ба созиш намеорад ва дар масъалаҳои калидӣ байни онҳо мухолифати сиёсӣ ҳамчунон побарҷо хоҳад монд. Аммо ба назари оқои Ниёзов, дар вазъи кунунӣ Шӯрои мазкур ягона минбарест, ки бо истифода аз он демократҳои Суғд имкони мустақиман ба гӯши ҳизби ҳоким расонидани ақидаву назари худро пайдо хоҳанд кард. Масалан, дар мавриди боздошти лидери сиёсии ҳизби демократии Тоҷикистон - Маҳмадрӯзӣ Искандаров: «Дар сатҳҳои гуногуни тафаккури ҷомиъаи мо ақидаи болшевикии «ҳар кӣ бо мо нест, душмани мост», мутаасифона, ҳанӯз ҳам побарҷост. Ва ҳамон рӯзе ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров худро озод аз ақида ва равандҳои давлатӣ эълон кард, чорабиниҳо алайҳи вай оғоз шуданд, ки натиҷаи ниҳоияш маълум аст. Ин як роҳи таъсир расонидан ба нирӯҳои мухолиф мебошад. Ва чунин мавқеъгирии ҳизби халқӣ - демократӣ, ки худро бо ҳукумати Тоҷикистон тавъам медонад, ба тақкими сулҳи тоҷикон хатар эҷод мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, мебояд ҳар кадоми мо он созишномаи сулҳро, ки ҳашт сол пеш ба имзо расидааст, аз хотир фаромӯш накунем.»

Аммо Дилбар Самадова, сарвари бахши суғдии ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ҳамоиши чаҳор бахши аҳзоби сиёсии минтақа - демократӣ, наҳзати исломӣ, коммунистӣ ва сотсиалистиро дар Шӯрои ҳамоҳангсози назди ҳукумати вилояти Суғд нишони заъфи фаъолияти ин аҳзоб ва аз даст додани мавқеъҳои худ дар баробари ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳур медонад. Хонум Самадова аз чанд омил ва ё шарти сиёсӣ ёдовар мешавад, ки танҳо дар сурати ҳалли онҳо роҳ барои ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ ба шаклҳои гуногун боз ва ҳамвор хоҳад шуд: «Ба шарте ки баробарҳуқуқии тамоми ҳизбҳо риоя ва таъмин гардад ва дар ҷомиъа барои ҳизбҳои мухолиф низ имкони фаъолияти озод фароҳам оварда шавад. Ба хусус ки ду узви ҳизби мо ахиран бо ҳукми беадолатонаи додгоҳ ба зиндон маҳкум шуданд, ки аз ин мо ба мақомоти болоии додгоҳӣ шикоят мебарем. Дар чунин ҳолат ҳизби мо ба ягон гуна Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамроҳ нахоҳад шуд ва мо он ақидаро, ки гӯё ҳукумати ҷумҳурӣ ба таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мекӯшад, зери шубҳа қарор медиҳем.»

Фишори мақомот, ки ба аксарияти кулл намояндагони ҳизби халқии демократианд, сангинтарин мониа дар роҳи фаъолияти озодонаи соъири аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд дониста мешавад. Қурбонҷон Мирзоева, котиби кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳамзамон раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дурнамои чунин бархӯрди ҳизби ҳоким бо аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистонро барои амнияти сиёсии кишвар хатарангез меҳисобад: «Вақте ки танҳо як ҳизб худро ҳоким эълон мекунад ва дар майдони сиёсии Тоҷикистон яккатозӣ мекунад, ин ба тақкими сулҳ дар кишвар хавфи бузург эҷод мекунад. Имрӯз тамоми сарони аҳзоби мухолифи сиёсӣ ба чунин назаранд, ки бояд баробарии аҳзоби сиёсӣ дар кишвар таъмин карда шавад,
гуногунандешӣ эҳтиром гардад ва аз як маданияти сиёсӣ кор гирифта шавад.»


Дар ин маврид, Убайдулло Файзуллоев, раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гароиши сокинони аз сиёсати ҳукумати кишвар норозӣ ва ба хусус ҷавонони Суғдро ба гӯруҳу ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ аз хатарангезтарин авомил алайҳи таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад: «Дар ҳоле ки ҳукуматдорон худро намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ медонанд ва бар онанд, ки фаъолияти тамоми ҳизбҳо дар қолаби ақида ва хостаҳои сиёсии онҳо ҷараён бигирад, бо мушоҳидаи ин ҳолат мардум хулосае пайдо мекунад, ки ҳамаи ҳизбҳои дигар ҳизбҳои кисагӣ ва сунъианд. Мардум барои баёни фикру ақидаи бо назари ҳукуматдорон мухолифи худ маҷбур мешавад ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвандад ва ё чунин як гурӯҳу созмонҳоро таъсис диҳад. Ин ҳолат барои тақкими сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон оқибатҳои баде дар пай оварда метавонад.»

Ба ҳамин тариқ, ҳанӯз маълум нест, ки ҳамоиши аҳзоби мухолиф бо ҳизби халқии демократӣ дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсози назди ҳукумати вилояти Суғд бештар бар манфиати кӣ хоҳад буд? ба манфиати ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки ба ин васила аз ҳар навъ талоши ташкили шаклҳои дигари эътилофи аҳзоби мухолиф мехоҳад пешгирӣ кунад ва ба фоидаи аҳзоби мухолиф, ки метавонанд бо истифода аз, ба таъбири худи онҳо, ин минбари нав, ки ҳукумати Суғд бар ихтиёри онҳо гузоштааст, барнома ва ақидаву назарҳои сиёсии худро дар байни сокинони Суғд бештар роиҷ кунанд?

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG