Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизионҳои мустақил дубора барои фаъолият иҷоза гирифтанд


Телевизионҳои мустақили «Сомониён» ва «Гули бодом» дубора ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Баракатулло Абулфайзов, раиси комиссияи муҷаввиздиҳии назди кумитаи садо ва симои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ахиран, ҷаласаи ин ниҳод ба хулосае омад, ки иҷозаи пахши телевизионҳои «Сомониён» дар Душанбе ва «Гули бодом» дар шаҳри Конибодомро тамдид кунад. Барои идомаи фаъолияти телевизионҳои мазкур баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи муҷавиздиҳии расонаҳои электронӣ, хусусан ба банди ин санад дар мавриди мӯҳлати амали муҷаввиз шароит ба вуҷуд омадааст.
Гуфтанист, моҳе қабл, 17-уми май ходимони пулиси андози кишвар фаъолияти телевизиони мустақили «Сомониён»-ро боздошта, дарҳои онро мӯҳр зада буд. Ин тасмим, ба қавли Баракатулло Абулфайзов, бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати муҷаввизи фаъолияти телевизиони мазкур роҳандозӣ гардид. Ҷаноби Абулфайзов гуфт, мӯҳлати иҷозаи фаъолияти телевизиони «Сомониён» ҳанӯз соли гузашта анҷом ёфта буд, вале бо мақсади инъикоси ҳаматарафаи масоили интихоботи порлумонии моҳи феврал, ин мӯхлат ба се моҳи дигар тамдид ёфт. Ба гуфтаи ӯ, аммо масъулини ин шабакаи телевизионӣ худсарона пахши намоишҳои худро идома медодандаанд. Бархе аз коршиносон қатъ гардидани фаъолияти «Сомониён»-ро ба пахши барномаҳои интиқодӣ дар мавриди маъракаҳои қабл аз интихоботӣ алоқаманд донистанд, вале Абулфайзов, сарвари комиссияи муҷаввиздиҳии Тоҷикистон ин иддаоро рад карда гуфт, баста шудани телевизиони Сомониён ба мӯҳтавои намоишҳояш ҳеҷ иртибот надорад. Икром Мирзоев, раиси шабакаи телевизионии Сомониён бошад, мегӯяд, дар атрофи муассисаи ӯ як бозии сиёсӣ ҷараён дорад. Аммо оё то интихоботи қарибулвуқӯъи раисҷумҳурӣ ин телевизионҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд ё на, суоли рӯз боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG