Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди ваҳдати миллии Тоҷикистон


Маросими таҷлил аз ҳаштумин солгарди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни давлат ва мухолифони мусаллаҳаш, ки ба ҷанги ҳамватанӣ поён дод, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷануби шаҳри Душанбе доир шуд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханоне дар ин маросим аз таърихи 27 июн ба унвони марҳилаи сарнавиштсоз дар таърихи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ном бурд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни давлати Тоҷикистон ва мухолифини мусаллаҳаш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди мухолифин бо миёнҷигарии СММ ва ду кишвари Русия ва Эрон ба имзо расида буд. Аммо аз рӯзи ваҳдати миллӣ ё имзои Созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифон дар шароите таҷлил ба амал омад, ки роҳбарони мухолифини пешин ва аксари аъзои кумиссиюни оштии миллӣ, ки созишномаи сулҳро амалӣ кардааст, дар ин маросим ҳузур надоштанд. Ин маросим ба изофаи Эмомалӣ Раҳмонов танҳо як суханвар дошт, ки Абдулқодир Маниёзов, раиси Анҷумани равобит бо тоҷикони бурунмарзӣ бо номи "Пайванд" буд. Ӯ аслан ба ситоиши нақши раисиҷумҳур дар амри барқарории сулҳ пардохт ва дастоварди сулҳ ва суботи ҷомиаро ба номи Э. Раҳмонов муртабит донист.

Маросими таҷлил аз рӯзи ваҳдати миллӣ бо барномаи ҳунарӣ ва мулоқоти президент бо ҷавонон то зӯҳри рӯз идома кард. Ҳамчунин дар ин рӯз, дар майдони марказии ноҳияи Рӯдакӣ парда аз рӯи ҳайкали тозабунёди ин шоири тавоно, сардафтари адабиёти форсу тоҷик гирифта шуд.
Раҳматкарими Давлат, ноҳияи Рӯдакӣ - Душанбе
XS
SM
MD
LG