Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маликаи Ӯрдун: "Аз Осиёи Марказӣ танҳо дари Тоҷикистон ба рӯи ҷаҳон боз аст"


Маликаи Урдун, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки дари худро ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз намуда оид ба мушкилоташ кушоду рӯшан ҳарф мезанад. Малика Нур гуфт, ин имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти ин кишвар ба таври бояду шояд огаҳ бошад ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд.
Ҷефри Де Сакс, мушовири вижаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар ин сафар малика Нурро ҳамроҳӣ мекунад, гуфт, ҷиҳати раҳандозии барномаи Рушди ҳазорсола дар Тоҷикистон то соли 2015 корҳои зиёдеро дар ин самт бояд анҷом дод, то таваҷҷӯҳи кишварҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон ҷалб гардад.
Ҳамчунин, малика Нур ва Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон тафоҳумномаеро оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба имзо расонданд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG