Пайвандҳои дастрасӣ

Гуштии калон дар Душанбе


Дар мусобиқаи гуштии тоҷикӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат карданд. Гуштигирони маъруфи тоҷик, Парвиз Собиров, Рауф Ҳукуматов, Алишер Каримов, бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, Неъматулло Асронқулов, Алишер Азимов, ки дар рақобатҳо бар ҳарифони худ дастболо шуданд, соҳиби тӯҳфаҳои гаронбаҳо гардиданд.
Ва як хабар дар бораи натоиҷи бозиҳои ҳаштумин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар дидори худ бар дастаи меҳмон-«ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба кард, бо 22 хол дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифт. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дидорашро дар шаҳри Душанбе бо СSКA- тими Вазорати дифои Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, бо 20 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. СSKA бо 13 хол мавқеъашро дар зинаи севвум нигоҳ дошт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар майдони худ СКА «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 1 бар сифр шикаст дод, бо 12 хол дар зинаи чаҳорум ҷой гирифтааст. Ду бозии дигар низ бо пирӯзии мизбонон ба поён расид. «Данғара»-и Данғара «Равшан»-и Кӯлобро бо натиҷаи 1 бар сифр ва «Саройкамар»-и Панҷ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб карданд. Ба ин тартиб, ғолиби марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди натиҷагирии бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш», ки рӯзи шанбеи 2 июл дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG