Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ногаҳонии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон


Бино ба натоиҷи расмӣ, дар интихоботи рӯзи ҷумъа мири Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо касби беш аз 61 дарсади оро бар рақиби ягонааш раисиҷумҳури собиқ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки танҳо наздик ба 36 дарсади орои мардумро ба даст овард, ғалаба кардааст.Ба ин тартиб, Маҳмуди Аҳмадинажоди 49-сола нахустин раисиҷумҳури ғайрирӯҳонии Эрон аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар он кишвар дар соли 1979 хоҳад шуд.

Худи Аҳмадинажод дар нахустин вокуниш ба хабари пирӯзиаш дар интихобот гуфт: "Эҳсоси ифтихор дорам, ки мавриди лутфу эътимоди мардум қарор гирифтам. Ин бароям як ифтихори бузургест. Аммо бузургтар аз он ифтихори хидматгузорист." Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, маъмурияти худро ба ҳайси раисиҷумҳур дар табдили Эрон ба як муосир, пешрафта, қудратманд ва исломӣ мебинад. Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, мақомоти рӯҳонии Эрон ба манзури дахолатҳои ғайриқонунӣ ба ҷараёни интихобот аз тамоми васоил ба кор бурданд. Вале ӯ афзуд, ки бозбинии натоиҷи интихоботро тақозо нахоҳад кард.

Хабари пирӯзии Аҳмадинажод, ки дар муқоиса бо Рафсанҷонии мӯътадил намояндаи ҷиноҳи муҳофизакорон ба шумор меравад, билофосила дар маҳофили байналмилалӣ сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико интихоботи Эронро як хатои бунёдие номид, ки ба ақидаи Вошингтон, Эронро аз роҳи рушди демократия дар минтақа хориҷ мекунад. Сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин созмон мехоҳад бо ҳар ҳукумати Эрон, ки хоҳишманди пешрафт дар масоили ҳуқуқи башар, манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, мубориза бо террор ва вазъи Ховари Миёна бошад, ҳамкорӣ кунад.

Олмону Бритониёву Фаронса низ изҳори умедворӣ кардаанд, ки музокироти Аврупо бо Эрон бар сари барномаҳои баҳсноки ҳастаии он кишвар дар давраи раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам давом хоҳад кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо табрики пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихобот гуфт, кишвараш дар сурати бар тааҳҳудаш ҷиҳати манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ амал кардани Эрон ҳамкориҳои ҳастаияшро бо он кишвар идома хоҳад дод.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG