Пайвандҳои дастрасӣ

Гаҳворабахш - никоҳ ё ними никоҳ?


Бахши саввум аз силсилагуфтори Сайёфи Мизроб

Мардумшиносон бар назаранд, ки дар маросими Гаҳворбахшон тоҷикон атфолро никоҳ мебанданд. Устод Зафар Мирзоев, бостоншиноси маъруф мегӯяд, барои ориён аҳд бастан ва ба истилоҳи имрӯзӣ дасти мардӣ ба ҳамдигарӣ додан, худ ақди никоҳ маҳсуб мерафт ва аз ин рӯ Гаҳворабахш маънии никоҳ бастанро доштааст.Худойназар Раҳимзода осоршиноси дигар низ бар назар аст, ки дар ин маросим волидайн атфолро никоҳ мебастаанд. Воқеан, мусоҳиби ахирии ман мегӯяд, ки худи ӯро низ дар айёми туфулият ба ҳамин шева никоҳ кардаанд, яъне ӯ Гаҳворабахш аст.

Ва аммо худи мардум, ки ин оин зодаи тахайули ӯст, бар назар аст, ки Гаҳворабахшон ниминикоҳ аст ва баъд аз балоғат ҷавонон бояд ҳатман никоҳи шаръӣ бубанданд. Хайрулло Тоҳиров - бостоншиноси дигар дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд, ки «Гаҳворабахшон дар аҳди қадим ҳамчун ақди никоҳ талаққӣ мешуд ва аммо бо тасаллути аъроб ин оин вижагии дигар - мутобиқ ба Исломро касб кард. Ва чун дар Ислом никоҳи шаръӣ ҳатмист, ориён низ дигар аз ҳамин никоҳ кор гирифтаанд».

Ва аммо назари ислом ба никоҳи Гаҳворабахшон, ё худ ниминикоҳ чист? Аҳмади Иброҳим, исломшинос қатъан зидди ин ақд аст. Ҷаноби Иброҳим мегӯяд, «Никоҳи муслимин барои бонувон синни 8 ва барои мардон 12 сол муайян шудааст ва ҳар банду басти наздик ба никоҳ, ки дигар вуҷуд доранд, ғайришаръист»

Ва аммо Ҳотам Асозода, исломшинос ва муаллифи даҳҳо рисолаи илмӣ мегӯяд, дар Қуръони Маҷид метавон оётеро дарёфт, ки зидди никоҳи хурдсолон набудаанд, «Ба гунаи мисол ҳаст никоҳи сағир ва сағира, ва дар ҳамин маврид хурдсолон ва ноболиғон низ метавонанд никоҳ бубанданд»

Бархе аз мусоҳибони ман, ки низ Гаҳворабахшонро ниминикоҳ медонанд, бар назаранд, ки ин маросим як оини қадимест, ки ба замона мувофиқ набудааст. Тарафи муқобил бар назар аст, ҷавонон пас аз балоғат дар аксари маврид ба ҳам мақбул намеоянд ва аз издивоҷ рӯ метобанд. Дар бархе маврид агар никоҳ ҳам банданд, ин никоҳ иҷборист ва ба хушбахтӣ мусоидат намекунад. Ва аммо ҷонибдорони ин маросими хеле дилчасп мегӯянд, ки аз ин оин арҷ бояд гузошт. Зеро ин маросим фарҳанги оиладории таборист ва аз сӯи дигар Гаҳворабахшон истеҳкоми издивоҷи ҷавонон будааст.

Маросими Гаҳворабахшон новобаста ба вокуниши зидду нақиз як маросими хеле қашанги аждодист, ки роҳ сӯи абадият дорад. Дар кӯҳистони тоҷик то ҳанӯз аз ин оин арҷ мегузоранд ва барои як тифлро то ҳамин рӯзи ба истилоҳ ниминикоҳӣ омода кардан аз чанд маросими дигар кор мегиранд.Ғулом Исоев, сарвари бахши мардумшиносии осорхонаи Данғара мегӯяд, «То гаҳворабахшон маросими омодагии чочалаву талқон, барои ҳадягирии кӯдакон аз тифли навзод, чилгузаронӣ, гаҳворабандон, аллагӯён ҳаст. Хосатан, маросими аллагӯён ҷолиб будааст, ки тақрибан тамоми бонувони деҳа байни ҳам озмун доир мекардаанд».

Худойназар Раҳимзода меафзояд, «Барои бархе аз атфол, маросими кушок, ё пойбандӣ ва кокулмонӣ ҳам роиҷ ҳаст. Ин маросим усулан барои атфоле, ки қабл аз онҳо кӯдакон дар ин оила фавтидаанд, ҳатмист. Зеро ба бовари мардум кокулмониву кушок дасти маргро сари ин тифлҳо кӯтаҳ мекардаааст»

Мардумшиносон мегӯянд, никоҳе, ки ориёни аҳди қадим атфолро мебастаанд ва ин никоҳ ҳамакнун ниминикоҳ ҳукм гирифтаву Гаҳворабахшонро то никоҳи шаръӣ мебарад, як навъи эм аз чашмзахми фалак ҳам будааст. Зеро ба бовари мардум, агар ин атфол моли якдигарӣ бошанд, дасти деву дад ва балову батар сари онҳо кӯтаҳтар мегардад. Ба бовари мардум, то замоне, ки ин ду тифл моли ҳамдигаранд, хушбахтанд ва аммо бо гусастани аҳд онҳоро сияҳбахтиву тирабахтӣ интизор аст. Чаро? Ба ин суол дар гузоришҳои баъдӣ посух меҷӯем.


Гуфтори қаблии ин силсила инҷост
XS
SM
MD
LG