Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми нави таълим дар макотиби олии Тоҷикистон


НИЗОМИ НАВИ ТАЪЛИМ - ЧӢ ГУНА АСТ ОН?

Ин низом - низоми таълими кредитӣ ном дорад, он шурӯъ аз соли таҳсили 2005 - 2006 дар ду донишгоҳи олии Тоҷикистон, донишгоҳи тиҷоратӣ ва донишгоҳи технологӣ ҷорӣ мешавад. Низоми кредитӣ чунин будааст, ки барои мисол, шумо донишҷӯ ҳастед, меравед донишгоҳ ва мехоҳед аз рӯи низоми кредитӣ таҳсил кунед, ба шумо барномаи таълимиро пешниҳод мекунанд, шумо ҳаққи интихоби фанҳо ва мавзӯъҳо ва ҳатто...мутаваҷҷеҳ бошед, ҳаққи интихоби устодро доред. Яъне, шумо устодро интихоб мекунед аз ҳамон кафедра, аз барномаи таълимӣ фанҳоро интихоб мекунед, ки кадомашро кадом семестр омӯзед, тартиби хондани мавзӯъҳои он фанро низ худатон таъйин мекунед ва дар мувофиқа бо устод вақти таҳсилро низ. Баъдан, он устод ҳамон мавзӯъро ба шумо шарҳ медиҳад агар хоҳед ва агар нахоҳед худатон меомӯзед, яъне гӯё он мавзӯъро ҳамчун кредит мегиред ва баъди аз худ кардан рафта он кредитро ба устод месупоред ва кредити дигар, яъне мавзӯъи дигар мегиред.
Ман соддатар карда гӯям агар, ин ҳамон сабақгирии тифлону наврасони тоҷик назди муллоҳоро мемонад, ана ҳамон системаро каме модерн карда акнун дар Тоҷикистон ҷорӣ кардаанд. Ҳокимхон Валиев - масъули идораи таҳсилоти олии вазорати маорифи Тоҷикистон бо шарҳи ин ҳама вижагиҳои ин низоми нави таълимӣ зарурати ҷорӣ кардани ин системаро чунин тавзеҳ дод ба ман:

«Зарурати ҷорӣ кардани ин системаи таълим, ин яке аз шартҳои ба системаи ягонаи таҳсилот дохил шудани кишвари мо мебошад. Зеро пас аз ҷорӣ кардани чунин система дипломҳои донишгоҳҳои мо низ дар Аврупову Амрико эътироф хоҳанд шуд.»


САНҶИШУ ИМТИҲОНҲОЯШ ЧИ ГУНА АСТ?

Акнун аз ҳама бигӯем, қисми барои донишҷӯён ҷолибтар, санҷишу имтиҳонҳо. Донишҷӯёне, ки аз рӯи низоми кредитӣ таҳсил кардан мехоҳанд, санҷишу имтиҳонҳояшон аз санҷишу имтиҳонҳои низоми ҳозираи таълим фарқ мекунад. Ду навъи санҷиш аст, яке фосилаваӣ ном дорад ва дигаре натиҷавӣ. Фосилавияш ҳамин аст, ки мавзӯъро мегирад, меомӯзад ва онро омада месупорад ва фосилаи омӯзиши мавзӯъ низ ҳаққи интихоби донишҷӯ аст. Вале ҳадди ақал дар панҷ ҳафта бояд як бор санҷиши фосилавӣ супорад. Ва санҷиши натиҷавӣ пас аз анҷоми ҳамон барномаи таълимӣ аз ҳамон фан мебошад.

РИШВАТУ ФАСОД ИМКОПАЗИР АСТ?

Ришвату фасооод, аа, ман доир ба ин мавзӯъ низ бо масъулони ҷорисозии ин низом сӯҳбат кардам, Назаралӣ Салимов, сардори идораи таълими донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мегӯяд, низоми кредитӣ имконияти ришвату шиносбозиро ба маротиб коҳиш медиҳад:
«Донишҷӯ то нимсоларо ҳадди ақал се - чор бр санҷиш месупорад. Ҳар як имтиҳони гирифтагияш дар чор – панҷ ҷо ба қайл гирифта мешавад. Ҳатто агар барои мисол ман хоҳам, ки додарамро барои мисол шиносбозӣ кунам, барои дигар кардани як имтиҳони ӯ ман бояд ба чанд ҷо муроҷиат кунам.»

Вале Ҳабиба, як донишҷӯдухтар бо ишора ба ҳаққи интихоби устод назари мухолифро баён мекунад:
«Муаллими шиносро интихоб мекунад, Муаллими шиносро ки интихоб кард,..дигар ҳоҷати гап нест.»

Назаралӣ Салимов бошад ба ин ақида розӣ нест:
«Ин хел гап нест. Ин хел аст, ки боз санҷиши натиҷавӣ ҳаст он ҷо. Ва ин санҷиши натиҷавӣ дар шоҳидии устод аз тарафи шӯъбаи таълими деканат дар якҷоягӣ гирифта мешавад ба воситаи тест.»

ҶАВОНОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Дар ин мавзӯъ метавон пас аз роҳандозии ин низом боз сӯҳбат кард, вале дар маврид низоми кредити таълим ҷавонон чӣ назар доранд? Манзума, як ҷавондухтар мегӯяд, аксари ҷавонони тоҷик роҳҳои осонтари хатми донишгоҳро меҷӯянд на гирифтани маълумоти босифаттарро:
«Ин система ба мо на он қадар муносиб аст, зеро ҷавонони моро бояд бо калтак маҷбур кард, ки хонанд.»

Ана ҳамин хел. Аммо дастандаркорони ҷорисозии ин низом мегӯянд, тариқи он донишҷӯ дониши амиқтар мегирад ва дар бозори меҳнат ба ҳунари ӯ ниёзи бештар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG