Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон раисҷумҳури нави худро интихоб кард


Натоиҷи тозатарин аз даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Ирон нишон медиҳанд, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, шаҳрдори Теҳрон ва намояндаи муҳофизакорон бо касби аксарияти раъйҳо дар ин интихобот баранда шудааст. Мувофиқи арқоми охирин, Маҳмуди Аҳмадинажод беш аз шаст дар сади раъйҳои ҳисобшударо ба даст овардааст. Рақиби ӯ, Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, тақрибан сиву панҷ дар сади раъйҳоро каб кардааст. Натиҷаҳои ниҳоӣ ва расмии интихобот пас аз зӯҳри рӯзи шанбе, 25 июн эълом хоҳанд шуд, гуфтааст намояндаи вазорати дохилаи Ирон, ки баргузории интихобот дар Ирон бар дӯши ин ниҳод аст. Ин бори аввал буд, ки Ҷумҳурии исломӣ президенти худро дар ду давр интихоб кард.
Ҳумойюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG