Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Журналистони сол" ва журналистони норозӣ


21 нафар аз рӯзноманигорони тоҷик барандаи ҷоизаи чаҳорумин озмуни «Журналисти сол» шуданд. Чорабинии мазкурро Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳамроҳ бо дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе баргузор кард. Ҷоизаҳо барои беҳтарин хабар, маводи таҳлилӣ, мусоҳиба ва гузориш муқаррар гардида дар озмун 125 хабарнигор ширкат кардаанд. Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигори мустақил, Мавлуда Султонзода, рӯзноманигори мустақил, Елена Ахмедова, Олга Тутубалина, Зебо Тоҷибоева, Турко Дикаев, хабарнигорони «Азия - Плюс», Дилбар Табарова, корманди маҷаллаи «Фирӯза», Гулчеҳра Сатторова, муҳаррири ТВТ ва рӯзноманигорони дигар дар ин озмун баранда эълон шуданд.

Гуфтанист, гузашта аз он ки бахши аъзами чорабинии мазкур бо забони русӣ сурат гирифт, инчунин, барои бори аввал дар таърихи озмуни рӯзноманигорони сол, кормандони чанд расонаи давлатӣ низ соҳиби мукофот шуданд. Вале мукофоти бахши ҷасорати журналистӣ дар соли равон соҳибашро пайдо накард. Аъзои ҳакамон гуфтанд, барои супоридани мукофоти ҷасорати журналистӣ онҳо натавонистанд нафари арзандаро пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз журналистон аз наҳваи натиҷагирии озмун изҳори норизоият карданд. Аз ҷумла, маркази тадқиқоти журналистӣ, ки ягона чунин марказ дар Тоҷикистон мебошад, бо пахши як баёния аз одилона баҳогузорӣ шудани озмун изҳори нобоварӣ намуд. Хуршеди Атовулло, муассис ва сарвари маркази мазкур гуфт, ӯ ва чанд тан аз рӯзноманигорони дигар ҷоизаҳои худро, ки соли гузашта дар ин озмун ба даст оварда буданд, ба нишони эътироз бозмегардонанд. Раиси хабаргузории "Авасто" Зафар Абдуллоев низ ба нишони эътироз аз ҷоизаи имсола даст кашида, гуфтааст, натоиҷи озмунро холисона ва дуруст намеҳисобад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG