Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси масоили ҳамкории низомии кишварҳои муштаракулманофеъ


Варзоб - Душанбе

Беш аз ҳафтод дар сади буҷаи Шӯрои вузарои дифоъи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҷиҳати тақвияти шабакаи ягонаи дифоъи зиддиҳавоӣ масраф мешавад. Сергей Иванов - вазири дифоъи Русия, ки дар хатми нишасти навбатии Шӯрои вузарои мудофиаи кишварҳои муштаракулманофеъ сӯҳбат мекард, гуфт: «Шабакаи ягонаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ имкон медиҳад, алайҳи терроризм муборизаи босамар бурда шуда ва ҳамчунин дар сурати пеш омадани ҳолати садамаӣ ва ғайричашмдошт барои нирӯҳои ҳавоии ин кишварҳо кӯмак кунад».

Сергей Иванов, ки ҳамзамон раиси давраии Шӯрои вузарои дифоъи кишварҳои муштаркулманофеъ мебошад, гуфт, ба манзури тақвият ва навсозии ин шабака се навбати машқҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо барномарезӣ шудааст, ки марҳалаи аввали он дар яке аз размоишгоҳҳои Русия дар вилояти Чита шурӯъ шудааст.
Аммо Анатолий Гритсенко, вазири дифоъи Украина изҳор кард, ки дар машқҳои низомӣ дар доираи шабакаи ягонаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ ин кишвар танҳо ба ҳайси нозир ширкат хоҳад кард.

Вузарои мудофиаи кишварҳои муштаракулманофеъ авзоъи ноороми Афғонистон ва афзоиши кишти хашхошро, ки сарчашмаи таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ дониста мешавад, таҳдиди воқеъӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон талаққӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сухани муқаддамотӣ кори нишасти мазкурро оғоз бахшид, дар ин робита гуфт: «Ҳоло ҳам вазъи сиёсӣ ва ҳарбии Афғонистон ноором ва муташанниҷ аст. Ҳамалоти нирӯҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳамзамон низоъи ҳизбӣ ва қабилавӣ ё кишти кӯкнор коҳиш наёфтааст. Гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ ва қочоқбари маводи мухаддир метавонанд дар қаламрави кишварҳои минтақа амалиёти тахрибӣ анҷом диҳанд.»

Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия дар робита ба сарнавишти минбаъдаи лашкари 201-уми ин кишвар, мустақар дар Тоҷикистон, гуфт, ба таври ҳуқуқӣ он то тирамоҳи солӣ ҷорӣ боқӣ мемонад, зеро пойгоҳи низомии Русия дар заминаи ҳамин лашкар бунёд мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯрои вузарои мудофиаи кишварҳои муштаракулманофеъ, ки аз 12 давлат таркиб ёфтааст, намояндагон аз Гурҷистон, Молдова ва Туркманистон ширкат накарданд. Аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон намояндаи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо, вале аз кишварҳои дигари муштаракулманофеъ вузарои дифоъ ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG