Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таэквондочиёни тоҷик ба Теҳрон рафтанд


Дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон дар ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои байналмилалии Ҷоми Фаҷр, ки рӯзи ҷумъаи 24 июн дар шаҳри Теҳрон оғоз шуд, ширкат меварзад. Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати варзишгарони Эрон, Афғонистон, Арманистон, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон, Норвегия, Урдун ва Фаронса то 26 июн идома хоҳад кард.
Тими мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри Тулаи Русия шурӯъ шуд, ба рақобатҳо оғоз намуд. Дар ин мусобиқот намояндагони Тоҷикистон дар давидан ба масофаҳои мухталиф ва гурзандозӣ зӯрозмоӣ мекунанд.Ҳамзамон варзишгарони ҷавони тоҷик дар рақобатҳои гуштии дзюдои ин бозиҳо дар шаҳри Дмитрови вилояти Маскави Русия ширкат доранд, ки то рӯзи 26 июн идома хоҳанд кард.
Рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ мусобиқаи гуштигирон бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик баргузор мешавад.
Дар ҳаштумин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 25 июн пешсафони ҷадвали бозиҳо- «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода дар меҳмонӣ бо СSКА-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо «ХИМА»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин давр «Данғара»-и Данғара бо «Равшан»-и Кӯлоб,»Хуҷанд»-и Хуҷанд бо СКА «Помир»-и Душанбе ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG