Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеши роҳи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро кӣ ё чӣ гирифтааст?


Варзоб - Душанбе

Рӯзи 23 июн дар дараи Варзоб бо ибтикори Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди Фридрих Эбберт як анҷумани дурӯзаи байналмилалӣ дар мавзӯъи "Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: Мушкилот ва имконот" ба кор оғоз кард. Дар ин анҷуман намояндагон кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Ӯзбакистон, ва ҳамчунин Русияву Эрону Покистон ширкат доштаанд. Ширкатдорони ин ҳамоиш мушкилоти об, роҳу транзит, тиҷорат ва марзро аз мавонеъи умда дар роҳи ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон карданд.

Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба адами ҳузури намоянда аз кишвари Ӯзбакистон дар ин ҳамоиш гуфт, ҳоло бештари мушкилоти мавҷуд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишвар бастагӣ дорад. Ба ақидаи оқои Умаров, ба ин далел, ки бештари роҳҳои нақлиётӣ, хатти интиқоли барқ ва газ миёни кишварҳои минтақа тавассути қаламрави ин кишвар мегузарад, Ӯзбакистон мехоҳад аз инҳо бар манфиати геополитикии худ истифода кунад.

Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақили тоҷик мӯътақид аст, яке дигар аз мавонеъи раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ набуди як стратегия ва самтгирии воҳиди ин кишварҳо дар баробари бархӯрди манофеъи кишварҳои абарқудрат дар ин минтақа мебошад. Оқои Ҳайдаров афзуд, ин давлатҳо дар тасмимгирӣ мустақил нестанд ва ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мехоҳанд таваҷҷуҳи бештари яке аз ин ду кишвари абарқудрат -Русия ва Амрикоро ба худ бикашанд. Коршиноси тоҷик ҳамчунин ба тақвияти тадриҷии ҳузури Чин ва Эрон дар ин минтақа таъкид карда, чигунагии идомаи ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказиро ба натоиҷи интихоботи қарибулвуқӯъи раисиҷумҳури Қирғизистон низ марбут донист.

Ва аммо ба ақидаи Муҳаммадҳасани Хонӣ - корманди дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии Теҳрон, яке дигар аз ширкатдорони ҳамоиши мазкур, адами эътимод миёни давлатҳои минтақа аз авомили дигаре дар раванди ҳамгироии минтақавӣ будааст.

Коршиносон мӯътақиданд, новобаста аз вуҷуди ҳар навъи мониъа ва мушкилот, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа аз авомиле ҳастанд, ки дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ мусоидат мекунад. Вале доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ташкили бозори воҳиди тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро роҳи аслии ҳалли мушкилоти миёни кишварҳои минтақа хонд. Ин дар ҳолест ки ҳарчанд дар ҷаласаи ахири роҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ таъсиси чунин бозор ба дӯши Ӯзбакистон вогузор шуда буд, то кунун дар ин замина ҳеҷ гоме бардошта нашудааст.
XS
SM
MD
LG