Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти фаъолияти таваллудхонаи аввали Душанбе ба иллати бурузи стафилакок


Бар асари густариши бемории стафилакок ё сирояти микроб ба хуни навзодон, ки сабабои аслии хуруҷаш шароити ногувор, ашёи нопоки тиббӣ ва бемасъулиятии худи кормандони ин муассисаҳо будааст, таваллудхонаи рақами яки Душанбе фаъолияташро муваққатан боздошт. Наврӯз Ҷаҳфаров, муовини мудири маркази вогиршиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари муассисаҳои тиббӣ дар пойтахт ва навоҳии кишвар ба талаботи беҳдорӣ ҷавобгӯ нестанд ва ин боиси густариши бемории стафилакок дар миёни кӯдакони навзод гаштааст. Ҷаноби Ҷаҳфаров гуфт: «Танҳо баъди гузаронидани ташхиси бактериологӣ ва итминон пайдо кардани он ки воқеан бактерияҳои стафилакок нест шудаанд, таваллудхонаи рақами 1 ба кор шурӯъ мекунад.»

Мутахассисони вогиршинос мегӯянд, доруву дармон барои муолиҷаи ин беморӣ аз 10 то 60 доллар арзиш дорад. Вале оилаҳои камбизоат, ки имкони харидани ин доруҳоро надоранд, тифлони гирифтори стафилакоки худро бо антибиотикҳо табобат мекунанд ва ҳол он ки антибиотикҳо қудрати кофии маҳви ин микробҳоро надоранд.

Бино ба маълумоти маркази вогиршиносии Тоҷикистон, ахиран, бо пуштибонии молии Созмони Ҷаҳонии Тандурурстӣ як дастуре оид ба роҳҳои беҳбудбахшии шароити беҳдорӣ, ҷилавгирӣ аз стафилакок ва дигар бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббӣ таҳия гардидааст ва он ба вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG