Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷдиди сохторӣ: Гоме дигар дар роҳи хусусигардонии корхонаҳои Тоҷикистон?


Кумитаи идораи амволи давлатӣ, ниҳоди масъули хусусигардонии корхонаҳои давлатии Тоҷикистон, ҷараёни иҷрои муқаррароти барномаи стротежии хусусигардонии корхонаҳои миёнаву бузург ва монополиро, ки қарор аст то соли 2007 анҷом шавад, ба сурати умум кунд арзёбӣ мекунад. Иқболшоҳ Салимов, муовини аввали раиси кумитаи амвол дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо саҳифаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ(www.ozodi.org) гуфт, то кунун аз 37 корхонае, ки бар асоси ин барномаи стротежӣ бояд таҷдиди сохторӣ шаванд, танҳо камтар аз нисфаш чунин барномаҳои инфиродиро таҳия ва ба кумитаи амвол ироа кардаанд.

Иқболшоҳ Салимов мегӯяд, барномаи мазкур, ки аз 7 ноябри соли 2003 дар маърази иҷро гузошта шудааст, хеле аз корхонаҳои муҳиму монополии кишварро фаро мегирад: "Ин барнома аз ҷумла корхонаи алюминсозии Тунсунзода, ширкатҳои давлатии газ ва роҳи оҳани Тоҷикистон, ҷамъиятҳои саҳҳомии "Тоҷиктелеком" ва "Тоҷиктелерадиком", корхонаҳои тавлиди маҳсулоти кимиёии Исфараву Ёвон ва чандин муассисаи дигари саноативу нақлиётиро дар бар гирифтааст. Аммо он тарҳҳои инфиродӣ, ки ин корхонаҳо пешниҳод кардаанд, ҷавобгӯи талабот нест."

Иқболшоҳ Салимов афзуд, масъалаи таҷдиди сохтории ин 37 корхонаи бузурги монополиро ҳукумати Тоҷикистон танҳо баъди соли 2007 ҳалл хоҳад кард. Аммо дар ин миён бояд барномаи инфиродӣ дар қиболи ҳар кадоми онҳо таҳия шавад, ки оё таҷдиди сохтории ин корхонаҳо ба кадом наҳв сурат хоҳад гирифт: бо роҳи табдил додани онҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, тақсим кардани як корхонаи бузург дар чанд воҳиди алоҳидаи иқтисодӣ ва ё бо роҳи хусусигардонӣ.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон, тайи сездаҳ соли татбиқи барномаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 8 000 корхона ва фақат дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар кишвар 62 корхонаи миёнаву бузург ба моликияти хусусӣ табдил дода шуд. Оқои Салимов дар ҷумлаи корхонаҳое, ки имсол хусусӣ шуданд, аз ҷамъияти саҳҳомии "Ҳумо" ("Тоҷикгидроагрегат"-и собиқ) ва корхонаи "Элто"( дар гузашта корхонаи "Фанон",ки барои саноати низомии шӯравӣ кор мекард), ном бурд. Иқболшоҳ Салимов гуфт, аз ҳисоби фурӯши ин 62 корхона ва саҳмияи корхонаҳои саҳҳомии дигар танҳо дар 4 моҳи аввали соли равон ба буҷаи давлат тақрибан 14 миллион сомонӣ, муодили беш аз 4,6 миллион доллар ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG