Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълум шудани исми 48 стипендиати КМОТ


Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон (КМОТ) барои беҳтарин варзишгарони ин кишвар стипендия ва ё моҳонаи махсуси олимпӣ муайян кард. Сарахон Эмомов, масъули кумитаи мазкур рӯзи панҷшанбе, 23 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала дар як ҷаласаи КМОТ бо ширкати раҳбарони федеросиюнҳои варзишӣ баррасӣ шуд ва бар асоси қарори кумитаи иҷроия, 48 варзишгар дар 13 навъи варзиш аз буҷаи КМОТ ба маблағи аз 60 то 600 сомонӣ маоши моҳона дарёфт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Сарахон Эмомов, ба дарёфти моҳонаи махсуси олимпӣ варзишгарони маъруфи тоҷик, аз қабили гурзандоз Дилшод Назаров, гӯштигирони дзюдо бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, Рауф Ҳукуматов ва Парвиз Собиров, тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Шералӣ Достиев ва Меҳроҷ Умаров, таеквондочиён Насҳуддин Ворисов ва Исломиддин Фозилов,теннисбозон Дилшод Шарифӣ ва Аҳмадҷони Муҳаммад мушарраф гаштанд. Аз байни бонувони варзишгари Тоҷикистон даҳ нафари беҳтарин, ба мисли давандаҳо Гулсара Додобоева ва Олга Герасимова, тирандоз Сурайё Ҷумъаева, таеквондочӣ Таҳмина Исомова, камонварон Мадина Сайфуллоева ва хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо бо моҳонаи олимпӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Сарахон Эмомов афзуд, дар айни ҳол варзишгарони тоҷик ба шашумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ва чаҳорумин Бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон омодагӣ мегиранд. Масъули Кумитаи Миллии Олимпӣ изҳор дошт, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо дастгирӣ ва кӯмаки давлати Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG