Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе - мизбони нишасти 10 вазири дифоъ


Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсӯд рӯзи 24 июн дар Душанбе 24 масъаларо баррасӣ хоҳад кард, ки умдатаринҳояш таҳкими низоми воҳиди муқобила бо ҳамалоти ҳавоӣ ва муборизаи муштарак бо терроризм ва ҷиноёти созмонёфта хоҳад буд. Заробиддин Сироҷев - сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, дар ин нишаст ҳамчунин як қатор масоили марбут ба ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва молии вазоратҳои дифоъи кишварҳои узв баррасӣ мешавад.

Вазирони дифоъи кишварҳои узв ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба машқҳои муштараки нерӯҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи ҳавоиро бо номи «Иттиҳоди ҳарбӣ - 2005» баррасӣ мекунанд. Дар назар аст, ин машқи низомӣ августи соли ҷорӣ дар размоишгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия баргузор шавад. Машқи дигари низомӣ, ки кишварҳои муштаракулманофеъ мехоҳанд, низ дар миёнаҳои моҳи август, аммо дар атрофи шаҳри Атирауи Қазоқистон барпо кунанд, "Каспий - Антитеррор - 2005" ном дошта, махсуси тамрини наҳви мубориза бо терроризм хоҳад шуд.

Аз 12 кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ Гурҷистон ва Туркманистон даъвати ширкат дар нишасти Душанберо рад карданд. Аммо қарор аст, вазири дифоъи Русия Сергей Иванов алакай рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуда, дар остонаи нишасти Шӯрои вазирони дифоъ яке силсила дидор ва мулоқотҳоро бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон анҷом диҳад. Дар нишасти вузарои дифоъ, қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ ширкат ва суханронӣ кунад.
Ҳумойюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG