Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нав -- Барги сабз: Беҳдошт ва муҳити зист


Холидаи Қодир Гуфтори нави Бахши Тоҷикии радиои Озодӣ, ки аввалин бор рӯзи 14-уми май нашр гардид, ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустиву беҳдошт бахшида шудааст. Номи ин барнома -- "Барги сабз"-ро шунавандаи мо, донишҷӯи тоҷик Суҳайлӣ Сиддиқов пешниҳод кард ва барои ин соҳиби Ҷоизаи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ гардид.

- Бо вуҷуди баъзе нигарониҳо пизишкони Тоҷикистон умедворанд, ки имсол аз сирояти густардаи бемориҳои гузаранда ҷилавгирӣ ба амал хоҳад омад.
- Масъулони соҳаи беҳдошт саъй доранд, ки хатмкунанадгони донишкадаҳои тиббиро ба кор аз рӯи касб водор намоянд.

Бо фарорасии фасли тобистон шумораи гирифторони бемориҳои вогир афзоиш меёбад. Пизишкони бемориҳои сироятӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар ин устони Тоҷикистон шумораи беморони ҳепатит ва ё зардпарвин зиёд аст. Мӯъмин Қурбонов, муовини раиси маркази санитариву эпидемологии вилояти Суғд мегӯяд, ки феълан дар ноҳияҳои ин устон 250 ҳодисаи гирифторӣ ба зардпарвин ташхис шудааст. Қурбонов афзудааст, ки соли гузашта дар Суғд 1300 кас аз зардпарвин табобат ёфтанд.
Рӯзҳои ахир аз вилоятҳои мухталифи Русия иттилоъ дар бораи шуйӯъи бемории зардпарвин нашр мешавад. Табибон тахмин мекунанд, ки сабаби эпидемия қабл аз ҳама озуқа ва нӯшокиҳои пастсифат мебошанд, ки бидуни тафтиши дақиқ ба фурӯш бароварда мешаванд. Дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ афтодааст, ки дар фасли тобистон бемориҳои гузаранда ба монанди доманаву вараҷа хуруҷ менамоянд. Оё вобаста ба он ниҳодҳои эпидемологӣ чорабиниҳои мушаххасе мадди назар гирифтаанд?

Агар мехоҳед, дар ин бора тафсилоти бештар бигиред, бо фишор рӯи рамзи карнаи радиоча барномаи "Барги сабз"-ро шунавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG