Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби моҳи пурра ва ғайриоддӣ бузург


Имшаб моҳ ба таври ғайриоддӣ бузург намудор хоҳад шуд ва донишмандон аз марказҳои ситорашиносии ҷаҳон хабар медиҳанд, ки бо сабаби дар камтарин масофа аз замин қарор доштани моҳ ҳолати оптикии "моҳи варамида" ба амал меояд. Дар асл тағйире дар ҳаҷми моҳ рух намедиҳад, балки ин наздикӣ сабаби фиреби назаре мешавад, ки бар асари он моҳтоб аз будаш 13 дарсад калонтар намудор мешавад. Аз сӯи дигар, мегӯянд, ситорашиносон, дар ҳолати феълӣ, ки моҳ пурра мешавад, он рост дар баробари офтоб қарор мегирад ва тарафи пурра рӯшани он ба замин нигаронида мешавад. Дар шаби моҳи пурра моҳтоб бо фурӯ нишастани офтоб падид меояд ва тамоми шаб намудор боқӣ мемонад. Дар ривояту афсонаҳои баъзе аз халқҳои ҷаҳон ин гуна шабро ба зуҳури мавҷудоти тарсовар пайванд медиҳанд.
XS
SM
MD
LG