Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меронанд - намеронанд? Дили 400 нафар дар такопӯй


Замоне, ки мо ба назди ин бино омадем, даҳҳо нафар афроди норозӣ ба намояндагони комиссияи давлатӣ роҷеъ ба масъалаи будубошашон дар ин манзил суол медоданд. Ба қавли сокинони ин манзил комиссияи давлатӣ мебоист, як моҳ қабл ба доди онҳо мерасид. Занҳое, ки додгоҳ ҳукми ихроҷ аз манзилҳояшонро баровардааст, мегуфтанд:
«-Ман куҷо равам, қабристон равам?
-Ман тамоман ҷои рафтан надорам.
-Намешавад, ки ҳамин хонаҳоро шахсӣ карда ба мо фурӯшанд?»


Муҳаббат Гулзорова - мудири бахши ҳуқуқи дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, новобаста аз ин ки онҳо дер ба ин масъала расидаанд, вале кӯшиш хоҳанд кард, ки мунсифона ин мушкилро ҳал кунанд:
«Ҳеҷ як аризаи ба дастгоҳи раисҷумҳур омада бе натиҷа намемонад. Мо ҳатман ин қазияро пайгирӣ мекунем ва то имкон ҳаст, ба ин мардум кӯмак мекунем.»

Юсуф Валиев, намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, дархости вазорати фарҳанг ва ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе роҷеъ ба ихроҷи сокинони ин хобгоҳ, дар доираи қонун анҷом ёфтааст. Ҷаноби Валиев ба радиои Озодӣ гуфт:
«Охир ин хобгоҳ аст, мақоми манзили зистро надорад ва ҳукми суд дар ин ҷо аз рӯи қонун баромадааст.»

Аммо сокинони норозии ин хобгоҳ аз комиссияи давлатӣ дархост намуданд, ки ин масъала бори дигар таҳқиқу баррасӣ гардад, то эшон, ки аксарашон занҳои танҳо, камбизоат ва бознишаста мебошанд, бе сарпаноҳ намонанд. Дар ҳамин ҳол, Сайдали Тағоев, мудири бахши сохтмон ва манзили дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин қазия ба радиои Озодӣ гуфт, яке аз роҳҳои ҳалли мушкили сокинони хобгоҳи мазкур аз тобеъияти вазорати фарҳанг ба тобеъияти шаҳрдорӣ гузаронидани ин хобгоҳи оилавӣ мебошад:
«Барои аз баланси вазорат баровардан розигии ду идора, вазорати фарҳанг ва ҳукумати шаҳр ва дахолати вазорати молия лозим аст, аммо мо кӯшиш мекунем, корро ба манфиати ҳамин мардум ҳал кунем.»

Дар мавриде, ки додгоҳи шаҳри Душанбе барои тарки манозили зист ба сокинони ин хобгоҳи оилавӣ 10 рӯзи дигар мӯҳлат додааст, қарор аст, намояндагони комиссияи давлатӣ тӯли ин мӯҳлат аризаи шикоятии афроди норозиро аз нав баррасӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG